«Варзишгар» — нашрияи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров ба таваҷҷуҳи ҳозирини нишасти матбуотӣ расонд, ки соли равон  768 донишҷӯ донишкадаро хатм карданд.

Бо ҷидду ҷаҳди устодони донишкада дар соли равон 8 китоби дарсии «Педагогикаи умумӣ», «Психологияи варзиш», «Фалсафаи варзиш», «Гимнастика» ва ғайра ба табъ расиданд. Чопи чанд китоб дарсии дигар дар назар аст.

Дастовардҳои варзишии донишкада дар нимсолаи аввал низ назаррас мебошанд. Донишҷӯён аз  15 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 56 медал ба даст оварданд. Бахусус, комёбии донишҷӯёни донишкада дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар намудҳои варзиши сабук  боиси таҳсин мебошад. Дар ин мусобиқа 30 донишҷӯ ширкат варзида, 16 медал (10 тилло, 4 нуқра   ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Шодӣ Сафаров аз навгониҳои донишгоҳ сухан ронда, мужда расонд, ки аз соли нави таҳсили 2017-2018 сар карда, нашрияи донишкада бо номи «Варзишгар» чоп мешавад. Барои такмили ихтисоси мутахассисони варзиш бори авввал курсҳо таъсис меёбанд. Донишкада  дар универсиадаи донишҷӯён, ки аз 19 то 28 август дар Хитой мегузарад, иштирок мекунад. Ба ин чорабинии муҳими варзишии донишҷӯён аз ҳоло тайёриҳо ҷараён дорад. Бо ташаббуси Ассотсиатсияи ҷумҳуриявии донишҷӯёни варзишгар, ки раисаш Ш. Сафаров мебошад, имсол дар Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни донишҷӯёни макотиби олии кишварҳои дунё баргузор хоҳад шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply