Сирки Тошканд дар Душанбе

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Ҳунармандони Сирки Ӯзбекистон бо сафари ҳунарӣ ба Душанбе меоянд. Ҳайати Сирки Тошканд бо худ ҳайвонҳои гуногуни ромшуда маймунҳо, сагҳо, ламаҳо ва аспчаҳоро (понҳо) меорад. Ҳайат аз 15 нафар иборат аст.

Намоиши нахустини ҳунармандони Сирки Тошканд санаи 31 декабр (соати 14:00) дар толори Сирки давлатии Душанбе баргузор мешавад. Меҳмонон танҳо дар пойтахти Тоҷикистон ҳунарнамойӣ мекунанд. Сафари ҳунарии сирки Ӯзбекистон муддати як моҳ ба нақша гирифта шуда, арзиши билет аз 30 то 80 сомонӣ мебошад. Барои кӯдакони синни то 3-сола тамошои барнома бепул аст.

Сафари ҳунарии сирки Тошканд дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Ӯзбекистон сурат мегирад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Сирки Тошканд дар Душанбе

Leave a Reply