Прокурори Истаравшанро аз вазифа гирифтанд

Сиёсат, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Прокурори шаҳри Истаравшан Фирдавс Ҷаҳонгирӣ рӯзи 4 май ба далели «мутобиқат накардан ба вазифа” аз ин мансаб озод карда шуд.

Фирдавс Ҷаҳонгирӣ нахустин мансабдорест, ки барои мошинсавории писараш ва доштани шаҳрвандии Русия аз мақом барканор шуд.

Прокурори шаҳри Истаравшан Фирдавс Ҷаҳонгирӣ рӯзи 4 май дар пайи як тафтиши прокуратура  барканор карда шуд. Дар фармоне, ки бо имзои муовини аввали Прокурори генералӣ  омадааст, гуфта мешавад, ки Фирдавс Ҷаҳонгирӣ ба далели мутобиқат накарданаш ба вазифа аз кор гирифта шуд.

Фирдавс Ҷаҳонгирӣ, писари сардори собиқи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Ҷаҳонгир Урунов, риштаи иқтисодии Донишгоҳи Хуҷанд ва риштаи ҳукуқи Донишгоҳи ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсатро хатм карда, аз соли 2000 дар мақомҳои баланд дар идораҳои прокурорӣ дар вилояти Суғд кор мекард. Фирдавс Ҷаҳонгирӣ аз ҷумла аз соли 2010 то 2012 муовини якуми дпрокурори  вилояти Суғд ва аз соли 20112 арокурори ноҳияи Мастчоҳ буда, як сол пеш прокурори шаҳри Истаравшан таъйин шуд.

Тафтиши ӯ баъди он оғоз ёфт, ки кормандони БДА – Бозрасии давлатии автомобилӣ – як писари донишҷӯи ӯро, ки бо мошини гаронбаҳо ба дарс мерафт, протокол карданд ва ин ҷавон бо кормандони БДА муноқиша кард.

Аммо санҷиши дар оғоз оддии вайрон шудани қонуни масъулияти падару модар дар ниҳоят далели дигареро нисбат ба прокурори шаҳри Истаравшан ошкор кард.

Ӯ  шаҳрвандии Русияро доштааст.

Бар асоси қонуне, ки дар поёни соли гузашта дар Тоҷикистон қабул шуд, кормандони давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳақққи гирифтани шаҳрвандии кишварҳои дигарро надоранд. Шаҳрвандони кишварҳои дигар, бар асоси ин қонун, аз ҳаққи кор кардан дар идораҳои давлатии Тоҷикистон маҳрум шудаанд.

Аммо Фирдавс Ҷаҳонгирӣ нахустин мақоми баландпояест, ки баъди тасвиби ин қонун ба далели доштани шаҳрвандии Русия тарки мақом мекунад. Ҳамин тавр, ӯ нахустин нафар аз мансабдорони баландпоя аст, ки мошинсавории писари донишҷӯяш сабаби оғози санҷиши прокурорӣ ва дар ниҳоят чунин паёмад, яъне барканориаш аз мақом шудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply