• 19.06.2019

Ба сайёҳон SIM-корти бепул дода мешавад

Ҳар як сайёҳе, ки ба Тоҷикистон меояд, аз ширкати Tcell барои 10 рӯз SIM-корти сайёҳии ройгон мегирад.

  • 19.06.2019

Вуруди маҳсулоти пастсифат: Чаро мутахассисону вакилон хомӯшанд?

Аз мардуми одӣ то масъулини ниҳодҳои давлатӣ хуб медонанд, ки маҳсулоти қаннодӣ, ширу шарбате, ки дар рафҳои мағозаҳо пешниҳоди истеъмолкунандагон мегарданд, дар онҳо норасоии микроэлементҳои ғизоӣ мушоҳида мегардад…

  • 08.01.2018

Лигаи футболи Тоҷикистон сомонаи расмии худро ба кор андохт

Сомонаи ФФТ 8 январ хабарро дар бораи таъсиси сомонаи расмии Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) расонаӣ кард. Сомонаи ЛФТ дар арафаи мавсим нави футболи кишвар дар  интернет www.tfl.tj   ё  www.flt.tj ном гирифта, барои баргузории чемпионатҳои Лигаи олӣ, мусобиқаҳои лигаи якум ва дублёрҳо (ҳайати дуюми дастаҳо), инчунин Суперҷом, Ҷоми мамлакат ва ҷоми ФФТ мусоидат менамояд. Аз сомонаи […]

  • 08.01.2018

Ҷоми раиси шаҳри Душанбе барои бонувони волейболбоз

Рӯзи шанбеи 6 январ дар толори маъруф бо номи «Манеж»-и пойтахт  мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе байни дастаҳои бонувони волейболбоз кушода эълон гардид.  Тавре муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зимни ифтитоҳи расмии чорабинии мазкур иброз намуд,  барои иштирок дар мусобиқа 25 дастаи бонувони волейболбози вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳои пойтахт дархост доданд. […]

  • 08.01.2018

Диққат! “Хабарнигори мардумӣ” озмун эълон кард!

Сомонаи “Тоҷикистон таймс” барои видеои беҳтарин озмун эълон кард. Минбаъд Шумо тариқи телефонҳои мобилии худ метавонед лаҳзаҳои завқовар, ибратбахш ва ҷолибу тамошобоби худро ба ин сомона фиристода, дар озмуни эълоннамудаи он ғолиб оед ва соҳиби мукофот-100 сомонӣ шавед. Барои ин бояд видеои худро, ки ба воситаи телефони мобилиатон сабт намудаед, тавасути (вайбер, вотсап, иммо, телеграмм) […]

  • 08.01.2018

Кадбонуҳо аз Рашт ғолиби озмуни «Нонпази беҳтарин» шуданд

Вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагону фаъолон ва кадбонуҳои ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт озмуни «Нонпази беҳтарин» баргузор гардид. Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд, дар озмуни «Нонпази беҳтарин» раиси Кумитаи кор бо […]

  • 08.01.2018

Домулло Ҳикматулло имоми ҷанозаи Эшони Абдуқудус буд

Имрӯз  дар намози ҷанозаи Эшони Абдуқудус, писари Эшони Абдураҳмонҷон дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳазорон нафар аз пайравони ин раҳбари тариқати зикри хуфияи Нақшбандия ҷамъ шуданд. Намози ҷанозаи Эшони Абдуқудусро рӯҳонии маъруф Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ имоматӣ кард. Ҷанозаи Эшони Абдуқудусро барои дафн ба зодгоҳаш Оби Гарм бурданд. Рӯзи 8 январ ҳазорон нафар барои ширкат дар […]

  • 08.01.2018

Порсол ду кас, имсол 4 кас мурд, соли дигар чи…?

Ба қавли чанде аз сокинони маҳаллаи 19-и шаҳри Хуҷанд, ки шаби 30.12.2017 баъди зиёфати солинавӣ  дар он ҷо 8 нафар ба беморхона  афтода,  4 нафари онҳо ба ҳалокат расида буданд,  соли гузашта низ дар ин нуқтаи шаробфурӯшӣ ду нафар аз истеъмоли машруботи пастсифати спиртӣ  ҷон бохта будаанд. Як сокини ин бино, ки нахост номашро дарҷ […]

  • 08.01.2018

Марги 17 нафар бар асари тармафароӣ

Дар шимоли Ҳиндустон бар асари фаромадани тарма дар шоҳроҳи Купвара-Тандхар на кам аз 17 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора ТАСС бо такя ба полиси иёлати Ҷамму ва Кашмир хабар дод. Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тақрибан 30 нафар зери ҳаҷми калони барф ва сангҳо, ки шоми рӯзи ҷумъа аз баландии беш аз 500 […]

  • 08.01.2018

Душунбе: Сӯхтор дар маркази бозиҳои компютерӣ

Рӯзи 6 январ касе ба таври пинҳонӣ вориди як маркази хидматрасонии компютерӣ дар кӯчаи 50-солагии Тоҷикистони шаҳри Душанбе шуда, болои компютерҳои ин марказ бензин рехтаву онҳоро оташ задааст. Як марди 39-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар ин ҷиноят дастгир шудааст. Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 23-солаи сокини кўчаи А.Ҷомии пойтахт дар он […]

  • 08.01.2018

NGN-и нав бо номи «Салом» кушода шуд

Ширкати мобилии “Билайн” аз роҳандозии хадамоти гуфтугӯи NGN-и худ бо номи «Салом» хабар додааст. Рустем Тахеров, сухангӯи ширкати «Билайн» рӯзи 8-уми январ бо нашри як изҳорот гуфт, хизматрасонии «Салом» дубора фаъол карда шуд ва муштариён метавонанд аз он истифода кунанд. Ҳамаи шартҳои хизматрасонӣ тибқи алоқаи NGN-и «Салом» мисли пешин боқӣ мондаанд. Дар идома ширкат аз муштариён […]

  • 08.01.2018

Суғд: Зан шавҳарро бо болға кушт

Як зани 60-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар шимоли Тоҷикистон, ба иттиҳоми қатли шавҳараш аз сӯи пулис боздошт шудааст. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, боздоштшуда рӯзи 7-уми январ дар пайи муноқишаи хонаводагӣ бо шавҳараш, бо болға ба сару рӯи ӯ чанд зарба задааст. Ба гуфтаи манбаъ, шавҳари ин зан ҷароҳатҳои сангин бардошта, […]

  • 08.01.2018

Аввалин нишасти матбуотӣ баргузор гардид

5-январи соли равон дар Ҳукумати ноҳияи Варзоб нишасти матбуотӣ, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳукумати Варзоб ва рузноманигорон доир гардид. Дар нишаст раиси ноҳия Назирзода Савзаалӣ ба саволҳои рӯзноманигорон посухи муфассал дод: -Дар натиҷаи роҳандозӣ гардидани сиёсати дурусти молиявӣ, қарзӣ ва андозу буҷетӣ имконият фароҳам омад, ки нишондиҳандаҳои муқарарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии тоҷикистон «Дар бораи Буҷети […]

  • 08.01.2018

Маҳви 20 ҷангии ДИ дар Афғонистон

Неруҳои амниятии Афғонистон дар музофоти Лағмон ба муқобили ҷангиёни гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» амалиёт гузаронида, дар натиҷа на кам аз 20 нафар ҷангиро маҳв карданд. Дар ин бора агентии «Синхуа» бо такя ба ВАО-и маҳаллӣ хабар медиҳад. Бино ба иттилои агентии «Хома пресс», амалиёти ҳарбӣ дар минтақаи Алингори музофоти Лағмон гузаронида шуда, муайян гардид, ки […]

Дин 0
  • 08.01.2018

Имрӯз ҳаво абриву бебориш мешавад

Имрӯз, 8 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйиёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ доданд. «Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ  4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм […]

App Banner