• 04.01.2018

Боз як тоҷикдухтар ғолиб омад

 Тоҷикдухтар Амал Ҳафизова дар озмуни байналмилалии мусиқӣ «Во весь голос» яккахони беҳтарин дониста шуд. Беҳтарин гурӯҳи мусиқӣ- аз Қазоқистон, ҳаваскорони беҳтарин аз Русия эътироф шуданд Дар байни ҷавонписарон овозхоне аз Молдова — яккахони беҳтарин, ҷавонон аз Қазоқистон — гурӯҳи беҳтарини мусиқӣ, ҳаваскорони беҳтарин — аз Русия интихоб шуданд. Барномаро шабакаи телевизионии «Мир» созмон додааст ва […]

  • 04.01.2018

Зиндониён ба зиёрити қабри Ислом Каримов рафтанд

Дар Ӯзбекистон шаҳрвандоне, ки дар гузашта бо айбҳои узвият дар гуруҳҳои гуногуни мазҳабӣ зиндонӣ шудаву соли гузашта ба озодӣ баромаданд, ба сайёҳати дурӯзаи Самарқанд рафтанд. Дар ин бора маркази матбуотии Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, зиндониёни пешин маҷмааи ёдгории «Ал-Бухорӣ», инчунин қабри президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар Самарқанд зиёрат […]

  • 04.01.2018

Ноҳияҳое, ки “Китоби  Сурх”-ро намедонанд гӯшмол гирифтан

Ба иттилои   сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти  вилояти  Суғд  Темурҷон  Нӯмонзода давоми соли 2017 дар асоси нақшаи кории Раёсат аз тарафи нозирони шуъба фаъолияти Муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали ноҳияи Ашт ва Истаравшан санҷида шуд. Дар натиҷаи санҷиш 2 адад санадҳои санҷишӣ, 3 адад санадҳои азназаргузаронӣ, 4 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 2  адад амрнома тартиб дода […]

  • 04.01.2018

Сӯхтор боиси марги 9 тоҷику хитоӣ гашт (Ведио)

Субҳи 4 январ бар асари сӯхтор дар як корхонаи тавлиди пойафзол дар канори шаҳри Новосибирски Русия дастикам 9 нафар ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ин фабрика ба шаҳрвандони Чин тааллуқ дошт ва ҳамаи қурбониён шаҳрвандони Тоҷикистон ва Чин мебошанд. Корхонаи пойафзолбарории муттааллиқ ба шаҳрвандони Чин дар шаҳраки Чёрнореченск дар ноҳияи Искитими вилояти Новосибирски Русия […]

  • 04.01.2018

Мирзиёев ҳамаи сафирони Ӯзбекистонро аз кор пеш мекунад

Тибқи хабари  портали «New Epoch», президенти Ӯзбекистон Шакат Мирзиёев дар як нишасти  видеоӣ бо сафирони кишвараш  изҳор дошт, ки онҳоро аз вазифа сабукдӯш мекунад Зеро аксарашон пораахурва корррупсионер мебошанд. Мирзиёев гуфт, ки дар баъзе лоиҳаҳои сармоягузорӣ қариб нисфи ҳамаи маблағҳо дар киссаи  ришвахорон  қарор мегиранд.  Фасод дар Ӯзбакистон,махсусан дар соҳаи дипломатия   дар сатҳи баланд қарор […]

  • 04.01.2018

Танҳо ширкатҳои мобилӣ метавонанд симкорт фурӯшанд

Минбаъд дар Тоҷикистон танҳо ширкатҳои мобилӣ ҳаққи фурӯши симкортро доранд. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, бо ин роҳ мехоҳад бозори фурӯши симкортҳоро танзим кунад. Як масъули Хадамоти алоқа рӯзи 4-уми январ бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, иҷозатномаи ҳамаи дилерон ё миёнаравҳо барои фурӯши симкортҳо бозхонд шуда, онҳо феълан иҷозаи фурӯши онро надоранд. […]

  • 04.01.2018

Чин ба Кореяи Шимолӣ кумаки низоми мекунад

Чин ба Кореяи Шимолӣ афзоиши кӯмакҳои низомӣ, бо шумули воридоти мушакҳои навъи миёна ва дурпарвозро пешниҳод кард. Ин пешниҳод ба шарте ироа шудааст, ки агар Пхенян аз идомаи озмоиши силоҳи ҳастаӣ худдорӣ кунад. Санади пешниҳодӣ муҳри махфӣ дорад ва онро Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин рӯзи 15 сентябр, 12 рӯз баъди озмоиши ҳастаии зеризаминии Кореяи […]

  • 04.01.2018

Зуля Раҷабова: Моҷарои сагона дар Осиёи Миёна

  «Битва экстрасенсов»-ин барномаи шабакаи телевизионии ТНТ мухлисони зиёде дорад, зеро дар он соҳирон ва ғайбдонҳои машҳур иштирок намуда, сиру асрори махфии одамонро фош карда, асрори куштор ва ҷиноятҳои солҳои пеш содир шударо мекушоянд. Соли 2018 дар дунё чӣ ҳодисаҳо рӯй медиҳанд?- Журналистони рус бо ин савол ба ғайбдонҳои машҳуртарини барномаи мазкур муроҷиат намуданд. Экстрасенс Алена […]

  • 04.01.2018

Имомхатибони «бесавод»-ро аз вазифа ронданд

Дар пайи анҷоми имтиҳони солонаи имомхатибони масҷидҳо ҷомеи Тоҷикистон, ки аз ҷониби комиссияи Кумитаи дин ва Шӯрои уламо анҷом шуд, аз 265 имомхатиб даҳҳо нафар аз мақомҳояшон барканор шуданд. Мақомот ҳанӯз шумораи дақиқи барканоршудаҳоро нашр намекунанд. Санҷиши имомхатибон охири соли 2017 анҷом шуд ва натиҷаҳои он ба худи онҳо ҳам дар рӯзҳои аввали соли нав […]

  • 04.01.2018

Хатсайрҳои ҳавоӣ аз Душанбе ба Самарқанду Бухоро

Пешниҳоди Ӯзбекистон мавриди омӯзиш қарор дошта, ояндаи наздик дар ин бора тасмим гирифта мешавад. Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» пешниҳод намуд, ки байни пойтахти Тоҷикистон ва шаҳрҳои Самарқанду Бухорои ин кишвар хатсайрҳои нави ҳавоӣ кушода шаванд. Дар ин бора як манбаи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод. «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» билети хатсайри Душанбе — […]

  • 04.01.2018

Ҳасиби одамкуш. Техника ақл надорад, ки пеш аз забҳ «бисмиллоҳ» гӯяд  

Баъди аз ҳасиб заҳролуд шудани як оила дар ноҳияи Восеъ ва вафоти кӯдаки 3-солаи ин хонадон назари ҷомеа ба маҳсулоти ҳасибӣ тағйир  ёфт.  Масъулини Агентии «Тоҷикстандарт» ҳам назорат ва санҷишро дар мағозаҳо пурзӯр намудаанд, ки дар натиҷа ин намуди маҳсулот камчин ва нархи он боло рафт.          Донишҷӯ Сорбон Муҳиддинов мегӯяд, ки  истеъмоли ҳасибро меписандад. […]

  • 04.01.2018

“Бибии Барфи”-и накӯкор

Турсуной Зокирова  дили 200 кӯдаки ятимро шод гардонд Бобои Барфӣ зӯртар ё Бибии Барфӣ? Кӯдакон бо беқарорӣ омадани Соли навро интизорӣ мекашанд, зеро танҳо дар ин иди фараҳбахш Бобои Барфӣ аз роҳи дур, аз пушти куҳҳои пурбарф бо халтаҳои пурбор ба табрики бачаҳои доно меояд. Дар бораи каромотҳои Бобои Барфӣ ҳамагон зиёд шунидаанд ва мо […]

  • 04.01.2018

Тақдири Саакашвилӣ чӣ мешавад?

Додгоҳи минтақавии шаҳри Киев 3 январ аз эътирофи президенти пешини Гурҷистон ва раҳбари ҳизби «Ҳаракати нирӯҳои нав» Михаил Саакашвилӣ ҳамчун паноҳанда ё шахсе, ки баъд аз лағви шаҳрвандияш дар Украина ба ҳимояти иловагӣ ниёз дорад, худдорӣ кард. Вакилони дифои сиёсатмадор мегӯянд, тасмим доранд, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд. Саакашвилӣ аз додгоҳ хоста буд, қарори […]

  • 04.01.2018

Захираҳои тилову асъори Бонки миллии Тоҷикистон афзудааст

Тӯли 9 моҳи соли 2017 захираҳои байнулммилалии тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) босуръат афзуда, то ба сатҳи 5,6 моҳи рӯйпӯш кардани воридот расиданд. Дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ доир ба иқтисоди Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, ки ин бештар натиҷаи самараи якдафъаина буда, гувоҳи беҳбуди устувори асосҳои иқтисодӣ нест. «Афзоиши босуръати захираҳо асосан […]

  • 04.01.2018

Сайри бозори асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА —  8.8126 сомонӣ; 1 евро – 10.5883 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1533 сомонӣ. ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ 1963 – Таъсиси шаҳри Қайроққум (феълан дар ҳайати вилояти Суғд). 1964 – Дар корхонаи истеҳсоли яхдони шаҳри Душанбе намунаи аввалини яхдони «Помир» истеҳсол шуд. 2011 — Дар натиҷаи амалиёти махсус […]