Зан шавҳарашро ахта кард

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Слайдер, ҲУҚУҚ, ҶАҲОН

Ҳиндузани 28-сола Рита Ядав ба шавҳари 31-солааш Вед Пракаш дарафтода, бо як зарбаи сахт ба сараш ӯро беҳуш карда, узви ҷинсияшро бурида партофтааст,- хабар медиҳад NUR.KZ бо такя ба The Daily Mail.

Аз рӯйи гуфтаи зан дар давоми даҳ соли ҳаёти муштараки 11-солаашон, шавҳараш бо баҳонаи он ки Рита баднамуд аст, бо ӯ ҳамхобагӣ намекардааст. Зан муътақид аст, ки шавҳараш маъшуқа дорад ва барои ҳамон бо ӯ ишқварзӣ кардан намехост.

«Шавҳарам ошкоро мегуфт, ки маро чашми дидан надорад»,-гуфтааст зан ба маъмурини пулис ва илова кардааст, ки вай ташнаи фарзанд буд, аммо шавҳараш бо занҳои бегона ишқварзӣ карданро авлотар медонист.

Рӯзи ҳодиса Вед, ки бо таксиронӣ рӯзашонро  пеш мебурдааст, ба хона омадан баробар оббозӣ мекунад, ҳангоми аз ҳамом баромадан завҷааш Рита ба сараш зарбаи сахт зада, ӯро аз по меафтонад. Зан аз ҳуш рафтани шавҳарашро дида, зуд кордчаи ошпазиро гирифта, ба Веди беҳушу беёд дармеафтад ва узви ҷинсии ӯро бурида, бо ҳамин роҳ барои азобҳои солҳои зиёд кашидааш аз ин марди худпарасту мағрур қасос гирифтааст. Баъдан Рита бо ихтиёри худаш ба пулис рафта ба ҷинояти содиркардааш иқрор шудааст.

Вед аз дарди ҷонкоҳ ба худ омада ба дӯсташ занг мезанад ва рафиқаш дарҳол омада, ӯро ба беморхона мебарад.

Ҷарроҳӣ 5 соат тӯл кашида, табибон эҳтиёткорона узви буридашудаи мардро ба ҷояш дӯхтанд. Вед ҳанӯз ҳам дар беморхона аст, завҷаашро бошад, суд интизор аст. Рита Ядав дар расонидани ҷароҳатҳои вазнин ба саломатии шавҳараш гунаҳкор дониста мешавад.

 

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

5 комментарий

Leave a Reply