цирку боғи ҳайвонотро якумрӣ мебанданд!

ҲУҚУҚ, ҶАҲОН

  Мақомоти Бритониёи Кабир қонунеро ҷори карданӣ аст, ки мувофиқи он аз ин ба баъд дар цирку боғҳои ҳаёвонот нигоҳ доштани ҳаёвоноту паррандагон манъ карда мешавад. Муаллифони ин лоиҳа- қонун бар он имон доранд, ки ин лоиҳаашонро мамолики дигари Аврупо дастгирӣ намуда, ин масъала то ба ҳадди байналмиллалӣ хоҳад баромад.

Ғояи асосии қонуни мазкур дар асоси он навишта шудааст, ки қариб дар ҳамаи циркҳо ҷонваронро иҷборӣ ва дар ҳолати азобу шиканҷадиҳӣ нигоҳ медоштаанд. Дар мавриди боғҳои ҳайвонот бошад, парламет бояд аз ду роҳ якеро интихоб кунад: ё онҳоро ба паногоҳ барои ҳайвонот табдил диҳад ё бандад.

Дар ҳамин ҳол мувофиқи бандҳои ин лоиҳаи қонун дар баромаҳои цирк истифода намудани ҳайвонот ба таври ҳамешагӣ манъ карда мешавад. Мувофиқи маълумоти охири ба даст омада ин лоиҳа алакай 98% овози вакилони Парламенти Британияи Кабирро ба даст овардааст. Сиёсатшиносон бар онанд, ки сабаби қабули чунин қонун муносибати ваҳшиёнаи инсон нисбати ҳайвонот аст.

Дар баробари ин бештари вакилони тарафдори ин лоиҳа Пойгоҳи низомии ИМА- ро дар муносибати ваҳшиёна нисбати ҳайвонот айбдор мешуморанд.

Айни замон дар Англия ҳамагӣ ду цирк боқӣ мондааст, ки дар

он аз ҳайвоноти ваҳшӣ истифода мекунанд. Аммо алорағми қонуни мазкур аксари циркҳои дарбасташуда пинҳонӣ намоишномаҳояшонро нишон медиҳанд, ки  дар байни мардум назар ба ин ду цирки қонунан даркушода маъмултаранд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply