Малика Ҷудо 800 ошиқи зорашро «кидат» кард

Рози ситораҳо, Слайдер, ТОЛЕЪНОМА, ҶАҲОН

Даричаи ошноӣ:

Ном: Придхи Шарма
Лақаб: Парӣ
Санаи таваллуд: 15 майи 1987
Ҷойи таваллуд: Мадха-Прадеш, Ҳиндустон
Касб:Ҳунарпешаи синамо
Қад: 165 см
Вазн: 53 кг
Параметрҳо: 86-64-89
Ранги дӯстдошта: Гулобӣ ва сиёҳ

Хӯроки писандида: Дал бати (наскшӯрбо ва чапотиҳои даврашакл)
Ширинии писандида: Расгулла (гулӯлачаҳо аз панири косибӣ, ки дар шарбати шакар тар карда шудаанд).
     

Малика шудан осон аст?

Ин паричеҳраи Болливуд бо симои малакутиаш хурду калонро мафтун намудааст. Ҳамагон ин зебосанамро ҳамчун малика Ҷудо мешиносанд ва ҳар шом оғоз ёфтани сериали “Ҷудо ва Акбар”-ро бесаброна интизорӣ мекашанд.  Номи аслии ин нозанин Придхи Шарма буда, 15 майи соли 1987 дар шаҳри Багхе чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ба хотири ҷаззоб офаридани нақши малика Ҷудо Придхи басо заҳмат кашида, ҳатто аспсаворию шамшерзаниро омӯхт ва талошҳояш барабас нарафтанд. Ин филм ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ овард.

                    

Ситора аз кошонаи олим

Придхи аз овони кӯдакӣ дар дил меҳри синаморо мепарварид ва ба саҳна шавқу рағбати зиёд дошт, вале волидайни зиёияш қатъиян намехостанд фарзандашон қадам ба роҳи ҳунар ниҳад. Падараш доктори илми таърих профессор буд ва бисёр мехост Придхи бо роҳи илм рафта, олима шавад. Ба хотири волидонаш духтарак зинаи бокалаврро дар донишкадаи машҳури  “Менеджмент ва таҳқиқот” хатм карда, баҳри гирифтани зинаи  магестратура ба институти шаҳри Пуна равона шуд, вале меҳри синамо ва шавқу завқи дар саҳна нақш бозидан ҳамоно қалбашро тарк намекард…

                               

Кастинги тақдирсоз

Бо мурури вақт ба Придхӣ муяссар гашт, ки волидони сахтгирашро розӣ карда, барои санҷидани бахти худ ба Мумбай равона шавад.  Фаъолияти ҳунарии хешро ин ҳунарпешаи ҷавон соли 2010 дар саҳнаи театр оғоз намуда, баъдан  бо офаридани нақши қаҳрамонҳои манфӣ ва дуюмдараҷаро дар синамо фаъолият намуд, вале  шуҳрати ҳақиқиро ба Придхи силсилафилми “Ҷудо ва Акбар”овард.

Соли 2013 бо мақсади интихоби актёрҳо ба сериали “Ҷудо ва Акбар” кастинг эълон карданд ва Придхи тасодуфан аз озмун воқиф гашта, ҳарчи бодо бод гӯён худро номнавис кард. Аслан вай ягон зарра бовар надошт, ки аз озмун мегузарад, чунки барои офаридани нақши малика Ҷудо зиёда аз 7 ҳазор  нафар худро номнавис карда, аксарияташон  актрисаҳои машҳуру номдор буданд. Вақте Придхи монологи малика Ҷудоро қироат кард, коргардони филм Экта Капур ба ваҷд омада аз ҷояш бархост ва қарсак зада истода, хитоб кард: “Ҷудои худро ёфтам!” Придхиро ин нидои коргардон қариб беҳуш карда буд.  Вай то ҳол бовар намекард, ки аз байни қариб 7 ҳазор нозанин маҳз ӯро малика Ҷудо интихоб карданд.

Придхи Айшвария Райро мағлуб кард

Пеш аз ин, соли 2009 Айшвария Рай дар филми кӯтоҳметажаи “Акбар ва Ҷудо” нақши малика Ҷудоро бозида буд. Вақте дар пардаи синамо дар нақши малика Ҷудо Придхи Шарма пайдо шуд, мухлисон ба ду гуруҳ ҷудо шуданд. Як гурӯҳ бар он назар буданд, ки Айшвария нақши Ҷудоро беҳтар бозида буд, гурӯҳи дуюм бошанд, баръакс мегуфтанд: Придхи бо малика Ҷудои офаридааш Айшвария Райро бо як нӯл зад. Барои фаҳмидани он, ки кадоме аз ин зебосанамҳо нақши малика Ҷудоро ба дараҷаи олӣ офаридааст, офарандагони филм байни мардум пурсиш гузаронданд. Дар назарпурсӣ ба ҷонибдории Айшвария Рай 3167 нафар овоз доданд, Придхи Шарма бошад 4670 овоз гирифт, ки 60%-ро ташкил мекард. Ҳамин тавр исбот шуд, ки Придхи нақши малика Ҷудоро бисёр олиҷаноб бозида, ситораи №1-и Болливуд-Айшвария Райро дар ҳақиқат бо як нӯл задааст…

                           

1 арӯсу 800 домод

Талабгорони ин зебосанами фариштарӯй аз мӯйи сараш ҳам бештар буданд. Беш аз 800 нафар ҷавонмардон бо нияти хостгорӣ дари хонаи падари Придхиро кӯфта бошанд ҳам, волидони зебосанам ҳамаро навмед гусел мекарданд, чунки духтар касеро ба худ муносиб намедид. Танмем Саксена низ дар қатори ҳамон 800 Маҷнуни сонӣ ошиқи зорӣ Придхи буд ва чанд маротиба ба ин париваш изҳори муҳаббат карда,  ҷавоби рад гирифта  буд, вале ишқаш, ки самимӣ буд, ҳеҷ гоҳ ноумед намешуд. Ниҳоят вай тамоми иродаашро ҷамъ карда ба маликаи орзуҳояш мактуби пурсӯзу гудози ошиқона навишт, ки аз 35 варақ иборат буд. Баъди хондани ҳамин номаи пурдарди ошиқона Придхи ишқи Танмемро қабул карда, барои издивоҷ намудан бо ӯ розигӣ дод. Танмем Саксена бо синамо ва шоу-бизнес ягон алоқамандӣ надошта, дар ширкати MNC – M&M Ltd ба ҳайси менеджери калон кор мекунад, вале Придхи ҳамеша дар сӯҳбат бо журналистон қайд мекунад, ки маҳз бо маслиҳату машварати шавҳараш нақши малика Ҷудоро чунин ҷаззоб ва таъсирбахш офаридааст. Зебосанами машҳур бо лабони пурханда мегӯяд:

-Шахсе, ки худаш чи будани ишқу муҳаббат ва меҳру садоқатро намедонад, наметавонад нақши шаҳбонуи ошиқро хотирмон ва боварибахш офарад. Шавҳарам бо меҳру муҳаббати пок ва маслиҳату машваратҳои беғаразонааш асолати ишқро ба ман фаҳмонда, дар офаридани нақши малика ҷудо бисёр кӯмак кард…”

                     

Асрори зебоии ситора

Придхи ҳеҷ вақт  ба гуруснагӣ (диета) рӯ наовардааст, вале тавассути машқҳои йога қаду қоматашро мавзун нигоҳ медорад. Ин ситораи Болливуд вигатерианкаи ашшадӣ буда, дар умраш гӯшт ва хӯрокҳои гӯштиро ба даҳон намебарад. Гӯшро бо меваю сабзавоти тару тоза иваз намуда, Придхи боварии комил дорад, ки то 80-100 солагӣ ҷавону солиму зебо мемонад. Шиори ин зебосанам дар зиндагӣ чунин аст: “Ғизои солим истеъмол намову зебову хушбахт бош!”

                          

Малика Ҷудоро иваз мекунанд?

Дар байни мардум овозае паҳн гаштааст, ки Придхи бо коргардон  Сантарм Варма ҷанҷол карда, аз филм даст кашидааст ва рӯзҳои наздик дар нақши малика Ҷудо актрисаи дигар дар экран пайдо мешавад. Қаблан, ҳунарпешае, ки нақши дугонаи вафодири малика Ҷудоро мебозид, бо ҳамин сабаб аз филм рафта буд ва бисёриҳо боварӣ доштанд, ки коргардони шилқин ҷони Придхиро ҳам ба лабаш овардааст, вале коргардон ин овозаҳоро дурӯғи маҳз хонда гуфтааст, ки пас аз қаҳр карда рафтани чанд ҳунарманд бидуни зарурат ӯ ба Придхи Шарма ҳатто наздик намешавад, то ӯро бо ягон сухану рафтораш наранҷонад. Худи  зебосанам низ ин овозаҳоро рад карда гуфтааст:

                

-Ман ҳеҷ гоҳ аз филме, ки маро ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ карда, машҳуру маҳбуби миллионҳо одамон гардонд, рафтанӣ нестам!

Таҳияи: Шаҳло Ниёзова

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply