Ҷигари сунъӣ

Наход, Тандурустӣ, ҶАҲОН

Дар зери мафҳуми  диабет одатан бемории диабети қандро мефаҳмем. Ин беморӣ дар натиҷаи баланд шудани миқдори глюкоза дар таркиби хуни одам пайдо мешавад. Бемороне, ки ба гурӯҳи I бемории диабети қанд гирифторанд, маҷбуранд, ки доимо ба хунашон инсулин гузаронанд, то глюкозаи таркиби хунашон муътадил бошад.

Олимони университети Гарвард барои раҳо намудани беморон аз ҳамин азоб, “ҷигари сунъӣ” -ро  ихтироъ намуданд.

Барои аз санҷиш гузаштани ихтирооти нав 30 беморро ҷалб намудаанд. Дар давоми 12 моҳ беморон аз инсулин истифода набурданд ва  дараҷаи қанд дар таркиби хунашон баланд нашудааст.  Олимон изҳор доштанд, ки ихтирои нав ба хубӣ аз санҷиш гузашт.  Он дар моҳҳои наздик ба истифодаи омма пешниҳод мешавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply