Давои бемории «диабети қанд» ёфт шуд

Слайдер, Тандурустӣ, ҶАҲОН

Тараққиёти илму техника на танҳо барои беҳтар намудани шароити ҳаёти мо кумак мекунад, балки барои барқарор намудани вазъи саломатии хизмати беандоза карда истодааст. Олимони соҳа барои ҳар чӣ беҳтар намудани сифати табобат ва беҳтар гардондани бемориҳо роҳҳои гуногунро ҷустуҷӯ доранд. Яке аз бемориҳои маъмул, ки имрӯз қишри зиёди ҷамъиятро азият медиҳад, ин бемории «диабети қанд» мебошад. Ин беморӣ бо сабаби аз кор мондани ғадуди зери меъда ва баланд шудани миқдори глюкоза дар таркиби хун пайдо мешавад. Дар бисёр маврид барои табобат кардани ин беморӣ ҳуҷайраҳои ғадуди зери меъдаи дигар нафарро ба бемор мегузоранд, ки на ҳама вақт ба мақсад мувофиқ аст.
Муҳаққиқони австралиягӣ аз Университети Уоллонгонга 3D-биопринтерро ихтироъ намудаанд, ки барои чунин беморон мадад мерасонад. 3D-биопринтер хатари баъд аз ҷарроҳи пайдомешударо кам мегардонад. Беморон дар бисёр маврид баъди ҷарроҳӣ аз инсулини сунъи низ канда намешаванд. Ин техника маҳз барои ҳамин нафарон аст.
PICT (Pancreatic Islet Cell Transplantation) қудрати аз ранги биологӣ (биочернил) сохтани ҳуҷайрашо сунъии ғадуди зери меъдаро доро ҳастанд. Ғадуди сунъӣ глюкозаи таркиби хуни беморони диабети қандро дар ҳолати муқаррарӣ нигоҳ медорад.
Ҷарроҳии классикӣ ба беморон имкон медиҳҳад, ки саломатияшон беҳ шавад, лекин барои ба пурагӣ табобати ин намуди дард коре карда наметавонад. Аммо биопринтер PICT то 99% хатари баланд шудани миқдори глюкозаро дар бадан, нест мекунад.
Ин принтер имкон дорад, ки бо дарёфти «маҳсуло»-аш дигар узвҳои дохили баданро «созад».
Ин принтерро ба яке аз беморхонаҳои Австралия доданд, ки дар он ҷо маҳз ба беморон узвҳои дохилиро трансплантатсия мекунанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply