«Айфон 10» баромад

Слайдер, ҶАҲОН
Ширкати амрикоии Apple рӯзи 12-уми сентябр якбора се навъи нави телефонҳои ҳушманди худ, маъруф ба «айфон»-ро муаррифӣ кард.
Раиси ширкат Тим Кук iPhone X-ро (манзур аз X рақами римии даҳ аст) «ҷаҳиши бузург»-е аз замони ба фурӯш баромадани нахустин «айфон» номид. iPhone X сабуктар, бориктар ва равшантар буда, метавонад барои боз кардани қуфли дастгоҳ ва беҳтар намудани саҳифаи намоиш чеҳраро шиносоӣ кунад.

iPhone X 999 доллар ва бештар аз он арзиш дорад.

iPhone 8 ва iPhone 8 Plus аз 699 то 799 доллар, вобаста ба ҳаҷми хотираашон фурӯхта мешаванд.

Ҳар се навъи телефонҳо бе сим нирӯ мегиранд. Айфони «10» 3-юми ноябр ва «8» каме дертар ба фурӯш хоҳанд баромад.

Ширкати Apple ба ҷуз ин, навъи беҳтари «соатҳои ҳушманд» ва низоми видеостримингро барои телевизионҳои 4K намоиш дод.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply