Зиёфати марговар боғча ба шаробхона табдил ёфт…

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, СУҒД, ТОҶИКИСТОН

 

Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд баъди зиёфати солинавӣ 8 нафар ба бемористон афтоданд, ки дар натиҷа 4 нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Инчунин, 4 тани дигар  баъди расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар бемористони рақами №-1 –и шаҳр аз марг эмин монданд. Ҳоло дар атрофи ин ҳодиса сару садоҳо ва фарзияҳо бисёранд. Сабабгори маргро яке дар ош ва намаки он медонаду дигаре дар  машруботи спиртӣ. Воқеият чист?

 Масъулин чӣ мегӯянд?

Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд  ҳалокати 4 сокини шаҳри Хуҷандро  дар пайи як зиёфати солинавӣ  тасдиқ карда, гуфтааст, ки  тафтиши ҳодиса идома дорад. “То ба охир расидани тафтишот дар ин масъала наметавон маълумоти дақиқу саҳеҳ дод”-гуфт як манбаи боэътимод аз Раёсати мазкур. Барои масъулини мақомоти прокуратураи вилоят низ    сабабҳои ин ҳодиса то ҳол равшан нест.

Танҳо оид ба чӣ гуна рух додани ҳодиса гуфтанд, ки 30 декабр 8 сокини маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд дар як боғчаи дар ин маҳалла мавҷудбуда (ниг. ба акс) барои таҷлили  ҷашни Соли нав ҷамъ омада, оши ҳарифона ташкил кардаву оши палав пухтанд. Вале баъди зиёфат вазъи онҳо бад шуда, ҳамаашонро ба бемористон интиқол доданд. Аслан 8 нафаре, ки сари хони идона ҷамъ шуда,  оши ҳарифона мехӯрданд, аз 4 бинои маҳаллаи 19-ум ҷамъ буданд. Сокинони ин бино на танҳо дар иду ҷаншвораҳо, балки мунтазам чунин  ташкилиҳо мекарданд. Аммо ин навбат зиёфати онҳо ба марг  табдил ёфт. Дар робита ба ин ҳодиса хостам, ки ба шоҳидону иштирокчиёни зиёфат суҳбат намоям. Аммо…

Яке аз иштирокчиён ва ташкилкунандагони асосии зиёфат Абдуҷаббор Норматов  замини барои боғчаи кӯдакон ҷудошударо аз худ  ва ҳуҷрае сохтаву онро ба макони  арақнӯшиву арақхӯрӣ табдил додааст. Баъди  як рӯзи ба хонааш баргаштан  ба макони ӯ рафтам то асли воқеаро пурсам. Дарро кӯфтам,  касе накушод. Ҳарчанд дар хона одам буду садо баръало шунида мешуд. Баъди чанд дақиқа  тахминан як фарзанди 10- солаи узви ҳамин оила  ва як марди 40-сола дарро кушоданд. Баъди рӯ ба рӯ шудан ба саломи мо базӯр алейк гирифт ва баробари “модаратон дар хона ҳастанд?” гуфтан ваҷоҳаташ куллан дигар шуд. Мард бо дағалии том ва суханони паст “Ҳар рӯз омадан мегиретон-мӣ? Хонаи ҳаманда проблема шуданаш мумкин. Бувам ба ягон кас суҳбат намекунан, ман намехоҳам…” Ин марди аз фарҳанги меҳмондории мо фарсахҳо дур дар охир то ба “шаҳрию қишлоқӣ” –гӯӣ расиду нагузошт, ки бо модараш рӯ ба рӯ шавем. Боғчае дар канори бино, ки маҳфили солинавии палави ҳарифона дар он баргузор шуду бо заҳролудшавии ҳамсояҳо анҷомид, ба Абдуҷаббор Норматови 77- сола тааллуқ доштааст. Сокинони ин бино, аз он ки ӯ бо чӣ роҳе ин пораи замини назди биноро аз худ кардаву он ҷо як хоначаи хурд сохта, ба манзили зисташ табдил дод ва дар гараже шабонгоҳон ғайриқонунӣ шароб мефурӯшад,  шикоят карданд.

  Раиси бино ба  Русия рафт

Агарчӣ дар ин зиёфат раиси кумитаи бинои 5-и маҳаллаи 19-ум шаҳри Хуҷанд Аҳмадҷон Ҳоҷиев  иштрок надошт, хостем бо  ӯ доир ба ҳодисаи мазкур суҳбат кунем. Аммо номбурда  ба  Русия рафтааст. Бо чанде аз  ҳамсояҳо суҳбат кардем, ки бештарашон як ҷавобро мегуфтанд: “Ин  оила  нуқтаи арақфурӯшӣ дошт. Бо ҳамсояҳо муомилаи хуб ва омадурафт надошт”.

Бино ба фарзияи дигар, намаки ош, ё хлориди натрий, ки дар пухтани оши палав истифода шуда буд, метавонист сабаби заҳролуд шудани  сокинони маҳаллаи 19-уми Хуҷанд шавад.  Саодат Аминҷонова, муовини сардухтури беморхонаи шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки “заҳролудшудагон дар ҳолате ба беморхона оварда шуданд, ки баъди 5 -6 соати истеъмоли палав дилбеҳузур шуда,  қай мекарданд ва ранги дастонашон кабуд мешуд”.

             Шароби ҳарифонаро ташхис карданд, аммо…

Зимнан, намунаҳои он шароби зоҳиран дастисохт, дар стакани пластикӣ ва шишаи лимонадро додситонии Хуҷанд мусодира кардааст. Бино ба иттилои масъулини прокуратураи шаҳри он шароб дар коргоҳи хурди маҳаллии шаробсозӣ сохта шуда, онро барои ташхис ба идораи “Тоҷикстандарт” фиристоданд.   Бархе сокинони маҳали ҳодиса  то ба ҳол гумон доранд, ки ҳамсояҳои гирди деги палави ҳарифона ҷамъомада аз нӯшидани шароби дастисохт заҳролуд шуда, чанд тан ҷон бохтанд. Фарзияе, ки аз ҳамон рӯзи аввал сари забони сокинони маҳаллаи ҳодиса аст.    Вале додситонии Хуҷанд мегӯяд, ташхиси додгоҳиву тиббӣ маълум кард, ки аҳли маҳфили солинавӣ дар маҳаллаи 19 — и  Хуҷанд дар  палав “нитрати натрий”-ро истеъмол нмуда, заҳролуд шуданд.

Ба қавли чанде аз сокинони маҳаллаи мазкур соли гузашта низ дар ин нуқтаи шаробфурӯшӣ ду нафар аз истеъмоли машруботи пастсифат ҷон бохта буданд. Чаро  ниҳоде ба ин ҷо омада, тафтишот намебарад? Чаро машруботи  спиртӣ ин ҷо мисоли маҳсулоти ниёзи аввалия ба фурӯш гузошта мешаваду масъулин хомӯширо ихтиёр намудаанд?

Фарзона Муродӣ 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply