Зиндонӣ шудани пайвандони Гулмурод Ҳалимов

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН, ҲУҚУҚ

Додгоҳи вилояти Хатлон се тан аз аз наздикони Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷикро, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар пайи як задухӯрд бо мақомоти қудратӣ дар ноҳияи Восеъ боздошт шуда буданд, мутаносибан аз 7 то 18 солӣ ба зиндон маҳкум кард.

Як манбаъ дар Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 30-юми октябр гуфт, қарори додгоҳ дар ин бора ҳафтаи гузашта содир шуд ва то ба ҳол ба ҳукми иҷро надаромадааст. Ин манбаъ афзуд, ки наздикони Гулмурод Ҳалимов ҳаққ доранд, ки то чанд рӯзи дигар аз болои қарори додгоҳ ба зинаҳои болоӣ, шикоят баранд.

Аъзои хонаводаи Ҳалимов рӯзи 4-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Восеъ боздошт шуданд. Алӣ Ҳалимов — бародарзода, Комил ва Назир Ҳалимовҳо — бародарони Гулмурод Ҳалимов бо се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, “зархаридӣ”, яъне талоши пайвастан ба гурӯҳи террористӣ, қасди “ғайриқонунӣ убур кардани марзи давлатӣ” ва “муқобилият ба корманди милитсия ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ”, айбдор мешаванд. Ин се нафар дар ҳоле боздошт шуданд, ки ба гуфтаи мақомот, бо чаҳор тан аз наздикони дигари Гулмурод Ҳалимов қасд доштанд, ба Афғонистон бираванд.

Мақомот мегӯянд, дар пайи муқобилият бо пулис чаҳор нафари онҳо -Султонмурод Ҳалимов, Фозил Ҳалимов – бародарони Гулмурод Ҳалимов ва Афзал Абдурашидов — бародарзодаи Ҳалимов (фарзанди Хурсанд Ҳалимов) ва Наим Раҳмонов- додарарӯси Саидмурод Ҳалимов кушта шудаанд. Анвар Ҳусейнов, корманди Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар ин амалиёт захмӣ шуда буд.

Эълони ҳукми хешони Ҳалимов дар ҳолест, ки 8-уми сентябр Вазорати дифои Русия хабар дод, бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар минтақаи Дайр-уз-Зур Гулмурод Ҳалимов “ҷароҳати маргбор” бардоштааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply