Зилзила асосан ба мардуми Қароқӯл зарар расонид

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, Қирғизистон

Заминларзаи шаби 3 декабр минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистонро ларзондааст. Мақомоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон гуфтанд, ки нерӯи ин зилзила ба 3,5 — 4 дараҷаи Рихтер баробар буд. Пажӯҳишгоҳи сейсмологии Қирғзистон низ эълон кард, ки заминларза соати 21:11 дақиқаи шаби шанбе ба қайд гирифта шуда, хисорот надоштааст. Ҳафтаи гузашта заминларзаи 6,5-баллӣ дар марзи Тоҷикистону Чин чанд биноро хароб карда ва дар вилояти Шинҷон як кушта барҷой гузошт. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, маркази ин зилзила дар 450-километрии қисмати шимоли шарқи кишвар дар ҳудуди Чин буд ва асосан ба хонаҳои чӯпонӣ, ки бархе аз сокинони ҷамоати Қарокӯл дар онҷо муваққатан мезистанд, зарар расондааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply