Журналистон 10-гонаи беҳтарин варзишгарони соли 2016-ро муайян карданд

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ТОҶИКИСТОН

20 декабр Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) чемпиони олимпӣ Дилшод Назаровро дар садри феҳристи 10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2016 ҷой дод.
Раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов ба расонаҳо аз ин мужда расонда, хотиррасон намудаст, ки Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт. Ин медал дар таърихи варзиши замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аввалин медали тиллои олимпӣ ба шумор меравад.
Гурзандози машҳури тоҷик, инчунин, имсол чанд бор дар мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» ҳам соҳиби ҷоизаҳо гардид.
Ба гуфтаи Латифов, даҳ варзишгари беҳтарини солро беш аз 70 журналисти риштаи варзиши нашрияву хабаргузориҳо ва телевизиону радио тавассути пурсиш муайян карданд.
Ҳамин тавр, дар феҳристи варзишгарони беҳтарини сол ҷойи дуюмро паҳлавони маъруф Комроншоҳи Устопириён ишғол намуд. Ӯ имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо дар вазни 90 кило дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон бо медали тилло мукофотонида шуд. Зимнан, Комроншоҳ дар байни гуштигирони тоҷик аввалин шуда, ба унвони қаҳрамони Осиё оид ба ин намуди олимпии варзиш даст ёфт. Вай, инчунин. соли равон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шуда буд. Ба ҷуз ҷудо, Комроншоҳ дар риштаи самбо низ имсол дастоварди хуб дорад. Ӯ дар чемпионати ҷаҳонии самбо дар шаҳри Софияи Булғористон соҳиби медали биринҷӣ гардидааст.
Муштзан Анвар Юнусов, ки соли ҷорӣ дар мусобиқаи ҷаҳонии литсензионӣ дар вазни 60 кг дар шаҳри Бокуи Озарбойҷонҷойи дуюмро гирифт, ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шуд. Ӯдар феҳристи АЖРВТ дар мақоми сеюм ҷой гирифтааст.
Ба даҳгонаи варзишгарони беҳтарини соли 2016, инчунин инҳо дохил шудаанд:
— Ҳамроз РАҶАБОВ (самбо) – ҷойи якум дар чемпионати Осиё дар вазни 74 кг дар шаҳри Ишқободи Туркманистон, ҷойи сеюм дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Софияи Булғористон;
— Моҳрӯ ҲАЛИМОВА (таэквондо ВТФ) – ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё дар вазни 73 кг ва ҷойи сеюм дар мусобиқаи интихобии қитъавӣ дар шаҳри Манилаи Филиппин;
— Шаҳриёр ДАМИНОВ (қаиқронӣ) – ҷойи дуюм дар каноэи яккаса ба масофаи 1000 метр, ҷойи сеюм дар каноэи яккаса ба масофаи 500 метр ва ҷойи сеюм дар каноэи дукаса ба масофаи 1000 метр дар Ҷоми Осиё дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон;
— Зӯҳро ХОЛОВА (кикбоксинг) – ҷойи якум дар аввалин чемпионати Осиё дар вазни 52 кг дар шаҳри Чҳонҷӯи Кореяи Ҷанубӣ;
— Фаррух АМОНАТОВ (шоҳмот) – ҷойи якум барои дарёфти Ҷоми Авруосиё дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ва ғолиби ду мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Таганроги Русия ва Тошканди Ӯзбекистон;
— Вера СЕМАШКО (кӯҳнавардӣ) — қуллаи баландтарини Тоҷикистон -Исмоили Сомониро, ки баландиаш 7495 метр аст, дар байни бонувони кишвар аввалин шуда фатҳ кардааст;
— Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (дзюдо) – ҷойҳои якум дар Ҷоми Осиё байни наврасон дар вазни 81 кг дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон, Макаои Чин ва Ҳонконг, ҷойи дуюм дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии “Бачагони Осиё” дар шаҳри Якутски Русия, ҷойи сеюм дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон дар шаҳри Кӯчии Ҳиндустон.
Эмоми НАЗАРИЁН


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply