Зану шавҳар 30-касро куштанд, пӯст карданд, хӯрданд!

МУҲОҶИР, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ҲУҚУҚ

Ин даррандаҳои одамсурат зиёда аз 30 нафарро куштанд, мисли гӯсфанд пӯст карданд ва гӯшташонро бирён карда хӯрданд

                                             Бозёфти даҳшатнок

11-уми сентябр. Аллакай фасли тирамоҳ фаро расида бошад ҳам, ҳаво он рӯз ба дараҷае тасфон буд, ки забони одам дар ҳалқаш мечаспид. Ба гармии ҷонсӯз нигоҳ накарда, бригадаи роҳсозон дар чангу хок ғӯтида, қитъаи нави роҳро дар кӯчаи Репина, дар наздикии коллеҷи ҳарбии ҳавонавардӣ асфалтпӯш мекарданд. Аз як тараф гармии ҳаво, аз ҷониби дигар гармии муми сӯзон ҷисму ҷони ин ҷавонмардони меҳнатқаринро дар кӯраи сӯзони оташ мегудохт. Қарибиҳои нисфирӯзӣ роҳсозон қарор доданд ақаллан як соат дар сояи дарахтони канори роҳ меосоянд. Вақте худро ба рӯйи алафҳои зардгашта партофтанд, тасодуфан чашмашон ба телефони напа-наве афтид, ки дар бехи дарахт афтида буд. «Телефони кадом бечорае афтидааст» гӯён, яке аз ҷавонони роҳсоз телефонро бо эҳтиёт ба даст гирифт. «Биёед, суратҳояшро тамошо мекунем, шояд телефони ягон одами шинос бошад» гӯён, сардори бригада телефонро аз дасти ҷавон гирифт. Роҳсозон гирдак нишаста, бо шавқ ба экран чашм дӯхтанд, вале….

Бо дидани акси аввалин онҳоро якбора даҳшат фаро гирифта, ҳама бо як овоз чунон дод заданд, ки ҷангалзор садо дод… Аз экрани телефон ҷавонмарди зардинае, ки бо сари аз тан ҷудошудаи зане селфи гирифта буд, чашмакӣ зада, қаноатмандона табассум мекард…

Бо дидани ин акс хун дар рагҳои роҳсозон ях баст ва фавран ба полис занг заданд. Кормандони мақомот ба зудӣ расида омаданд ва бозёфти даҳшатангези роҳсозонро гирифта, аз паси ҷустуҷӯйи соҳиби телефон шуданд…

                                                     Мӯсичаи бе гуноҳ”

Дере нагузашта маълум шуд, ки телефони ёфтшуда ба Дмитрий Бакшееви 35-сола  тааллуқ дорад ва акс низ акси ӯст, на аз каси дигар. Вақте кормандони мақомот тафсилоти селфиро аз Бакшеев пурсон шуданд, вай аз худ мӯсичаи бегуноҳ тарошида, қасам болои қасам мехӯрд, ки даст ва сари буридашудаи занро тасодуфан дар партовгоҳи наздикии авиагарадок ёфта, аз рӯйи ҳаваси беақлона бо ин сари аз тан ҷудо селфи гирифтааст, вале дили муфаттиш гувоҳӣ медод, ки  Дмитрий Бакшеев дурӯғ мегӯяд ва ин ҷо сирри даҳшатноке ниҳон аст. Бо мақсади санҷидани гуфтаҳои соҳиби телефон гурӯҳи калонеро ба шаҳрчаи ҳавонавардон фиристоданд….

                                                    Тани бе сар

Аъзоёни гурӯҳи фаврии ҷустуҷӯйӣ дар атрофи коллеҷи ҳавопаймоии ҳарбӣ ҷисми пора-пора кардашудаи занонаро пайдо намуданд, ки қотили бераҳм боқимондаҳои онро дар пакетҳои полиэтиленӣ ва сатилҳои партов гирифта, пинҳон карда буд. Пас аз каме ҷустуҷӯй кормандони полис сумкачаи зани кушташударо низ ёфтанд, ки дар он ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти марҳум ва каме пул низ буд. “Пулҳоро нагирифтаанд, маълум мешавад, ки мақсад ғоратгарӣ набудааст. Касе, ки ин занро куштааст, маняк аст ё ба марҳум кайҳо боз ягон қасд доштааст”,-  хулоса баровард муфаттиши таҷрибадор ва қарор дод, ки кофтукобро аз хонаи Дмитрий Бакшеев сар мекунад…

                                       Хона ё мясокомбинат?

7-8 сари аз тан ҷудои одамӣ, ангушту панҷа ва дасту пойҳои буридаю резакардашуда, 19 пӯсти одамизод, ки кадом қассоби хунхоре мисли пӯсти гӯсфанд онҳоро моҳирона аз гӯшту устухон ҷудо карда, хушконида буд, яхдони пур аз гӯшти одам, соати дастӣ, ангуштарин, гӯшвора, зару зевар ва телефону сумкачаҳои бешумори занона….

Кормандони пуртаҷрибаи милиса дар тӯли умрашон бо садҳо ҳаводис рӯ ба рӯ гашта бошанд ҳам, бо дидани ин манзараи даҳшатзо дар манзили Дмитрий Бакшеев, ки хобгоҳи донишҷӯён воқеъ гашта буд, ба даҳшат афтиданд.

Ба ақли кас рост намеомад, ки чӣ тавр ин зану шавҳари бераҳму бевиҷдон дар хобгоҳи омӯзишгоҳ, ки садҳо ҷавонон зиндагӣ мекунанд, зиста, нотарсона ин қадар одамони бегуноҳро кушта, мисли гӯсфанд реза кардаанд…

                                        

                                                Гӯштбирён аз гӯшти одам

Дар рафти кофтуков аз манзили Наталя ва Дмитрий Бакшеевҳо ҳамчунин чанд навори видеоро пайдо карданд. Дар ин наворҳо роҳҳои гуногуни пухтани таомҳо аз гӯшти одамизодро таҷассум ёфта буд. Дигар шакку шубҳае намонд, ки ин зану шавҳар одамхӯр-канибал ҳастанд ва одамони бегуноҳро кушта, гӯштбирён карда мехӯранд. Қотилони хунхор пеш аз куштан акси қурбониёни худро гирифта, дар паси ҳар сурат санаи марги он шахси бегуноҳро низ дарҷ мекардаанд. Дар пушти яке аз суратҳо 28-уми декабри 1999 навишта шуда буд. Дмитрий Бакшеев ҳамоно айбашро ба гардан гирифтан намехост, вале ҳамсараш Наталя ба зудӣ ба гуноҳи худ иқрор шуда, ошкоро гуфт, ки ваю шавҳараш беш аз 20 сол боз ба одамхӯрӣ машғул буда, дар тӯли ин солҳо одамони зиёдеро кушта, гӯштбирёну шӯрбо карда хӯрдаанд.

                                           Медсестра 30 касро хӯрд?

Наталя Бакшеева аз рӯйи сурат 30 нафар қурбониёнашонро шинохта, кай ва бо чӣ тарз куштани онҳоро як-як ба муфаттиш нақл карда дод.  30 нафаре, ки ин зани одамхӯр онҳоро аз рӯйи суратҳояшон шинохт, ҳама занону духтарони ҷавон буда, дар мақомоти тафтишотӣ ҳамчун одамони бе ному нишон гумшуда ба қайд гирифта шуда буданд ва волидону пайвандони хунҷигарашон кайҳо боз онҳоро меҷустанд… Дар яхдони манзили Бакшеевҳо дар 7 пакети полиэтиленӣ гӯшт захира шуда буд ва соҳибхона иқрор шуд, ки ин гӯшти қурбонии охирини онҳо, гӯшти ҳамон занест, ки шавҳараш Дмитрий аввал бо сари аз тан ҷудокардашудаи ӯ сурати селфи гирифта, баъд онро бо боқимондаҳои ҷасад нимашаб ба халта андохта, ба ахлоттӯда бурда партофта буд.

Аз ҳама даҳшатовараш он аст, ки ин зан беш аз 20 сол боз дар омӯзишгоҳи тобистонаи ҳавонавардӣ ба сифати ҳамшираи шафқат кор мекунад. Мардуми аз тору пуди ин гурги дупо бехабар барои гузаронидани сӯзандору тез-тез ӯро ба хонаҳои худ даъват намуда, баъзан кӯдакони хурдсоли беморашонро ба назди ин одамхӯр меовардаанд, то ки ба дардашон дармон бахшад….

                                           Асрори пирожкиҳои хунин

Дар рафти тафтишот Наталя Бакшеева боз ба як гуноҳи дигараш иқрор шуда гуфт, ки ӯ нисбати донишҷӯёни омӯзишгоҳ “ғамхорӣ” зоҳир намуда, онҳоро тез-тез зиёфат медодааст. Бечора донишҷӯён бехабар аз найрангҳои ин шайтони одамсурат пирожкиҳои аз гӯшти одам пухташудаи Наталя Бакшееваро баҳ-баҳ гӯён хӯрда, сад бор раҳмат мегуфтаанд…

                                              Ҳамсояҳо чӣ мегӯянд?

Пештар дар шаҳр овоза паҳн шуда буд, ки дар Краснодар бомжи одамхӯр пайдо шудааст ва шабу нимашаб дар роҳе, ки аз байни ҷангалзор мегузарад, ба занону духтарони танҳо ҳамла карда, онҳоро кушта мехӯрад, вале касе ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки одамони ғайбзадаро на ким-кадом бомж, балки ҳамшираи шафқат Наталя Бакшеева ва ҳамсараш Дмитрий бо макру ҳила ба дом афтонида ба манзили зисти худ мебаранд ва бераҳмона ба қатл расонида, гӯшташонро пора-пора карда, шӯрбо ва гӯштбирён карда мехӯранд. Ин зану шавҳари разил беш аз 20 сол боз ба қатлу ғорати одамони бегуноҳ ва одамхӯрӣ машғул бошанд ҳам, касе ин амали даҳшатноки онҳоро ҳатто пай набурдааст. Тамоми ҳамсояҳояшон Бакшеевҳоро чун оилаи бомаърифат, меҳрубон ва бисёр хушмуомила мешиносанд. Вақте сирри даҳшатангези ин оилаи одамхӯр фош гашту кормандони мақомот ҳамсояҳои  зану шавҳари одамхӯрро ба манзили Наталя ва Дмитрий ҳамчун шоҳид даъват намуданд, гиребон тавба доштанд, ки наход дар пушти деворашон ҳамин қадар одамро куштаанду онҳо ҳатто пай набурдаанд, ки ин шайтонҳои одамсурат бо чӣ корҳо машғуланд…

                                    Селфи сирри одамхӯрҳоро фош кард

Мақомоти тафтишотии шаҳри Краснодари Федератсияи Русия ба тафтишоти парвандаи ин зану шавҳари одамхӯр пардохтаанд. Ин парвандаи пурдаҳшат ҳатто кормандони собиқадори тафтишотро лол гардонидааст, зеро дар рафти тафтишот маълум шуд, ки ҳамсарон Дмитрий ва Наталия Бакшеевҳо беш аз 20 сол боз ба амали ғайриинсонӣ-одамхӯрӣ машғул будаанд, аммо ягон кас аз кирдори разилонаи онҳо ҳатто бӯй набурдааст. Агар Дмитрий Бакшеев ҳангоми ба ахлоттӯда партофтани боқимондаҳои ҷасади қурбонии навбатиашон телефонашро гум намекард, шояд то имрӯз сирри ин зану шавҳари одамхӯр пинҳон мемонд. Хайрият, ки роҳсозон телефонро ёфтанду селфи бо сари аз тан ҷудои зан асрори ин хунхӯронро фош сохт…

                                                                                                             Шаҳло Ниёзова

Р/С

Ба наздики гурӯҳи тафтишотӣ боқимондаҳои ҷасади боз 7 инсони дигарро пайдо намуданд, вале шахсияти қурбониёнро аз рӯйи ин пораҳои гӯшт муайян кардан душвор аст. Барои ин бояд экпертизаи ДНК гузаронида шавад.  Шумораи қурбониёни ин зану шавҳари одамхӯр торафт афзуда истода, тамоми шаҳрро ба даҳшат овардааст..

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply