Занозании тоҷикон дар бозори Садавод

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Рӯзи 7 август дар бозори «Садовод” дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав байни тоҷирони тоҷику арманӣ занозании гурӯҳӣ рух додааст. Шоҳидон мегӯянд, сабаби ҷанҷол савдои якдигарро задани тоҷирон будааст.

Шоҳидон ба хабарнигорон хабар доданд, ки рӯзи 7 август дар фурӯшгоҳи «Садовод” дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав байни тоҷирони тоҷику арманӣ занозании гурӯҳие сурат гирифт, ки камокон як соат давом кард.

Бахтовар, яке аз тоҷикони муқими Маскав дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки дар ин занозанӣ бачаҳои тоҷик дастболо шудаанд. Бахтовар дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар бозори «Садовод” садҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷик кор мекунанд ва ин бори аввал нест, ки дар ин бозор байни намояндагони миллатзӯҳои мухталиф, аз ҷумла тоҷикҳо чунин занозаниҳо рух медиҳанд.

Бахтовар мегӯяд, занозанӣ танҳо баъди дахолати яке аз раҳбарони ҷамъияти арманиҳо анҷом ёфтааст:»Ин калони арманиҳо ба ҳамватанҳояш амр дод, ки бас кунед. Тоҷикҳо бисёртар буданд ва зӯри арманиҳо нарасид. Ба ҳамин сабаб, дигар идома надоданд.”

Искандар, як шоҳиди айниии занозании рӯзи 7 август ба хабарнигорон” гуфт, ки рӯзи душанбе барои либосхарӣ ба «Садовод” рафта буд ва тасодуфан шоҳиди ин занозанӣ шуд: «Ягон 40-50 нафар дар назди хатти 25 ё 26-уми бозор аз гиребони якдигар гирифтанд. Асосан бо мушту лагат якдигарро мекӯфтанд. Як бор бас шуд занозанӣ, вале баъди чанд дақиқа дар як гӯшаи дигари бозор аз нав дар гирифт. Муҳофизони бозор, ки талош мекарданд, монеи занозанӣ шаванд, дар байн монда, аз ҳарду тараф камтар шатта ҳам хӯрданд. Ягон як соат давом кард ин кор.”

Ба гуфтаи шоҳидон, сабаби ҷанҷол гӯё савдои якдигарро задани тоҷирон будааст.

Занозаниҳо байни муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои мухталиф дар Русия ҳодисаи нодир нест. Аз ин қабл дар бораи чандин занозаниҳои гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику узбек ва қавмҳои дигар низ гузориш шуда буд.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон афзоиши мавридҳои занозанӣ байни муҳоҷирони кориро пеш аз ҳама ба мушкилоти иқтисодии Русия ва тангтар шудани шароити бозори кори ин кишвар рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд, таъсири бӯҳрон, аз ҷумла кам шудани теъдоди ҷойҳои кории маошашон беҳтар боиси афзоиши рақобат байни гурӯҳҳои мухталифи муҳоҷирон шудааст ва онҳо барои ҳифзи ҷои кори худ ва роҳ надодани гурӯҳҳои рақиб тайёранд ба сари якдигар ҳатто мушт бардоранд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply