Тоҷикзан рутбаи полисро канду 5 сол зиндон шуд

МУҲОҶИР, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Як модари тоҷик, ки ба боздошти ду писари дугоники 14-солааш аз сӯи пулиси Русия мухолифат нишон додааст, акнун бо иттиҳоми ҳамла ба намояндаи давлат ба додгоҳ кашонда мешавад. Ба ин зан тибқи қонунҳои Русия аз ҷарима то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Челябинск парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми «истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи давлат» ба додгоҳ фиристодааст. Ин зан ба ҳамла ба афсарони як шӯъбаи пулиси шаҳри Челябинск айбдор мешавад ва тибқи қисми аввали моддаи 318-уми Кодекси ҷиноятии Русия ба ӯ аз ҷарима ба маблағи 200 ҳазор рубл то 5 соли корҳои ислоҳӣ ва ё 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Худи ин зан дар ҷараёни тафтишот гуфтааст, ки ин иттиҳомро ба гардан намегирад, балки аз ду фарзанди ноболиғаш дар муқобили рафтори ғайриқонунии афсарони пулис ҳимоят кардааст.

Вале Алексей Неваленний, сармуфаттиши шӯъбаи тафтишоти ноҳияи Калинини шаҳри Челябинск ба нашрияи маҳаллии «Доступ» гуфтааст, «ҳарчанд ин зан ба гуноҳаш иқрор накард, вале чандин шоҳид ва сабти видеокамераҳои назоратӣ далелҳои шайъиеянд, ки ба афсарони пулис ҳамла кардани ӯро собит мекунанд.»

Маъмурони пулиси ноҳияи Калинин писари 15-солаи ин занро дар робита ба як қазияи дуздӣ дар мағоза ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Модарин ин наврас ҳам ду писари дугоники 14-солаашро гирифта, ба шӯъбаи пулис омадааст.

Ҳангоми бозпурсии бародари калониашон, ин дугоникҳо дар дохили бинои пулис даводав, ё ба истилоҳи пулис, «бетартибӣ» кардаанд. Онҳо аз ҷумла дари чанд кабинетро кушода, бо якдигар бо овози баланд ҳарф задаанд. Пулис дар протоколаш навиштааст, ки ин ду кӯдак аз алфози қабеҳ ҳам истифода бурдаанд ва ба рӯи афсарони пулис чанд бор туф кардаанд.

Кормандони пулис писари калонии ин зани тоҷикро гузошта, ба «ҷазо» додани дугоникҳо пардохтаанд. Онҳо бо ин баҳона ки модарашон бо худ шаҳодатномаҳои ин фарзандонашро наовардааст, ки фарзанди ӯ будани ин ду наврасро собит кунад, дугоникҳоро дастгир мекунанд.

Ба модари онҳо гуфтаанд, то замоне ки санади тасдиқкунанда наораду фарзандони вай будани ин ду наврасро исбот накунад, зардуро ба боздоштгоҳи қонуншиканҳои ноболиғ мебаранд.

Вақте дугоникҳоро дар мошини пулис мехоҳанд ба боздоштгоҳ баранд, зани тоҷик дар пеши дарвозаи пулис пеши роҳи мошинро мегирад ва ба танаи мошин мушт зада, талаб мекунад, ки ҷигарбандонашро ба ӯ баргардонанд. Ӯ ҳамчунин талош кардааст, ки дари мошинро кушода, фарзандонашро бифарорад.

Алексей Наваленний, муфаттиши парванда мегӯяд: «Афсари пулис аз мошин фаромада, дастҳои занро ба пушт тоб до два ба як тараф бурд. Нозири кор бо ноболиғон омада, ба зан фаҳмонд, ки фарзандонашро бо кадом шарт метавонад пас бигирад. Аммо вақте ки пулис дастони занро сар дод, ӯ ба синаи пулис бо оринҷаш чунон зад, ки сари синаи пулис кабуд шуд. Сипас афсарони дигар расида, занро боздошт карданд.»

Дар баҳси зери ин хабар дар шабакаҳои русӣ ҳатто худи сокинони Челябинск навиштаанд, кормандони пулис бояд чӣ қадар ин модарро ба ҷон оварда бошанд, ки ба сари онҳо мушт бардорад. Бисёриҳо пулисро барои онки ду фарзанди ин занро танҳо барои каме даводавӣ дар бинои пулис баста ба боздоштгоҳ бурдаанд, ба боди интиқод кашидаанд ва гуфтаанд, инҷо ҷабрдида ин модару кӯдаконаш ба назар мерасанд, то як афсари марду тануманди пулис, ки гӯё аз зарбаи оринҷи як зан сари синааш кабуд шудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply