Зани ҷӯгӣ шавам?

Номаҳо, НТМ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Салом хонандагони азиз! Хонандаи ҳамешагии “Оила” ҳастам ва мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳат бипурсам.

Бубахшед, ки номи аслиамро намегӯям, чунки падару бародаронам ба редаксия муроҷиат карданамро фаҳманд, маро зинда ба зинда пӯст мекунанд. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки ман духтараки 18-сола ҳастам ва дар яке аз ноҳияҳои наздики пойтахт зиндагӣ мекунам. Дар дил орзую ҳавасҳои зиёде доштам. Мехостам баъди хатми мактаб ба Донишкадаи тиббӣ дохил шавам ва хонда духтар шавам. Кӯдаконро бисёр дӯст медорам ва табиби кӯдакона шуданӣ будам, аммо падарам ба рӯйи орзуҳои ман хати батлон кашида, маро ба як ҷавони ҷӯгӣ барин сиёҳ, ки тамоми духтарҳои деҳаамон аз ӯ ҳазар мекунанд, ба шавҳар доданист. Рӯю мӯямро канда гуфтам, ки ман ба он маймуни пашмин намерасам, вале падарам “ман бо очаи вай дар як синф хондагӣ, хоҳӣ-нахоҳӣ ба писари ҳамсинфи ман мерасӣ” гӯён, маро маҷбуран ба Ҷунайд фотиҳа кард.  Модарам аз тарси падарам чизе гуфта наметавонист, вале холаам тарафамро гирифта, маро ба хонаи худаш овард ва розӣ набудани маро ба модари Ҷунайд гуфта, хоҳиш кард, ки фотиҳаро гардонад. Он зани шаттоҳ бо шунидани ин гап қиёматро қоим карда ба сари холаам дод зад, ки ман аллакай гапро бо падари арӯс пазондаам, ту худат кистӣ, ки кори моро вайрон мекунӣ?!

Дар миёни дуроҳаи зиндагӣ монда, чӣ кор карданамро намедонам. Баъзан аз дарду алам мехоҳам даст ба худкушӣ занам, вале боз гиребони тавба медорам. Аз зани Ҷунайд шудан мурдан авлотар аст. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ тавр аз ин ғули пашмин халос шавам?

Алмира, хонандаи “Оила”.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

4 комментарий

  • Ба КУМИТАИ КОР БО ЗАНОНИ НАЗДИ ХУКУМАТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОНИ НОХИЯТОН МУРОЧИАТ НАМОЕД ВА АРЗ КУНЕД КИ МАРО МАЧБУРАН БА ШАВХАР МЕДИХАНД МА НАМЕХОХАМ ОНРО ОНХО ХУДАШОН ЧОРАХОИ ЗАРУРИРО МЕАНДЕШАНД ХОХАРИ ТАЗИЗ БЕТАРАФ НАБОШЕД .

  • АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ
    АПАҶОН АВВАЛАН БА ХУДАТ БОВАР ДОШТА БОШУ БА ЯГОН ХОНАИ ДУСТАТ РАВ ЯКЧАНД МУДАТ ВА ФОТИҲА ХУДАШ БО ХУДАШ ХОМУШ МЕГАРДАД.
    АЗ ҲЕҶ ЧИЗ НАТАРС ВА АЗ АЛЛРҲИ МЕҲРУБОН КУМАК ТАЛАБИДАВУ БА ХУД БОВАР ДОШТА БОШ. АЗ БАҲРИ ҲАМА ЧИЗ ГУЗАРУ БА ЯГОНҶОИ ТАНҲО РАФТА БА АМАЛИ ГАШТАНИ ОРЗУҲОЯТ КУШИШ НАМО.

  • Хечкас туро хукуки мачбуран ба шавхар доданро надорад, ба милитсия мурочиат кун фавран.

  • Мутобики Кодекси оилаи ЧТ барпо намудани оила ин муносибати озодонаи зану шавхар ки дар асоси розигии тарафайн ва мехру мухаббати якдигар ба вучуд меояд. Агар оила мачбуран ба амал ояд он оила дер давом намедихад ва окибатхои хукукии худро дорад. Хеч шахсе хукук надорад каси дигарро мачбуран оиладор намояд ва ё ба шавхар дихад. Хуб мешуд бо он чавони издивочкунанда вохурда холати корро мефамонидед ки агар онхо мачбуран оила барпо намоянд окибат оилаашон метавонад бархам хурад ва такдири чанд нафари дигарро талх намояд. Мумкин акл доштагист ва ба суханхоятон гуш меандозад. Акди никохи ба вучуд меомадаи Шумо ба монанди акди никохе ки дар асоси хисобу китоб ба вучуд меояд монанд аст. (Брак по расчету) хам мегуянд… ин гуна оила дер давом намеёбад зеро пас аз расидан ба хадаф маънои давом додан намемонад. Аммо ба худкуши даст заданро асло ба хиёл наоред. Зеро хатто дар ин бора фикр кардан низ гунохи азим аст…

Leave a Reply