Занамро бо “буқа” қапидам

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дарди зиёде дар дил дорам, вале дар паҳлӯям ягон розшунав нест. Мехоҳам аламҳоямро бо хонандагонат қисмат намуда, каме ҳам бошад, диламро холӣ кунам. Аз кӯдакӣ ягон рӯзи хушро надидам.

4-сола будам, ки падарам аз дунё гузашт. Бечора модарам барои аз гуруснагӣ намурдани мо рӯзашро дар бозори ноҳия бегоҳ карда, бо майдафурӯшӣ зиндагиамонро пеш мебурд, аммо ду сол пас ӯ ҳам зери чархи мошин монда, дунёи бевафоро падруд гуфт. Хешу табор рӯзи ҷанозаи модарам дар назди мардум бо овози баланд мегуфтанд, ки мо се кӯдаки Ашӯрмоҳро дар кӯча намемонем, вале баъди маъракаҳои мотамӣ ҳамаашон думашонро хода карда рафтанд. Ягона такягоҳи мо ятимакон бародари калониям буд, ки ҳамагӣ 16 сол дошт. Акаам мисли мардони кордида дар сохтмон кор карда, зиндагиро пеш мебурд. Дарду алами ӯ аз мо кам набуд, вале худашро мард гирифта, моро саробонӣ мекард ва тасаллӣ медод, ки ғам нахӯрем, ин рӯзҳои сахт ҳам мегузаранд.

Ҳамин тавр, бо хорию зориҳои зиёд мо ятимон ба воя расидем. Вақте ки дар синфи 7-ум мехондам, акаам оиладор шуд. Янгаам бегона не, духтари холаам буд ва кӯшиш мекард, ки мо бемодариамонро ҳис накунем. Пас аз ду-се сол акаву янгаам апаамро бо обрӯ ба шавҳар доданд, ман бошам бо дониши худам ба донишгоҳ дохил шуда, ба духтараки зебое дил бастам. Вақте дар курси 5-ум мехондам, акаам маро ба наздаш хонда, пурсид, ки ягон дӯстдошта дорам ё не, то моро оиладор кунанд. Бо дили пур суроғаи Маҳинаро додам. Акаву янгаам ба хонаи онҳо хостгорӣ рафтанд ва тӯю сур ороста, сари моро ҷуфт карданд, аммо Маҳинае, ки тули чор сол ба ман савганди муҳаббат мехонд, нодухтар баромад. Доманбохтагии арӯс диламро аз зиндагӣ хунук карда бошад ҳам, ночор аз гуноҳи Маҳина гузаштам, зеро бародарам барои тӯйи мо пулу моли зиёде сарф када буд. Намехостам ин ҳама меҳнати акаам барбод равад. Гумон доштам, ки аз ин пас Маҳина ақлашро ба кор дароварда, дигар ба ман хиёнат намекунад, лекин зани тарпоча ҳеҷ гоҳ покдоман намешудааст. Баъди чанд моҳи оиладорӣ бо ду чашми худам занамро дар боғ дар оғӯши як “буққа” дида, дуд аз димоғам баромад. Ҳамон замон талоқашро дода, бо дили ҳазин ба хона омадам. Афсӯс мехӯрам, ки ҳамон шаби аввал ин зани беномусро шармандавор аз дар берун накардам. Нодухтар будани арӯсамро ҳатто ба бародарам, ки бароям ҳам падару ҳам модар гашта буд, нагуфта, хатои сахте кардам. Танҳои танҳояму чӣ кор карданамро намедонам. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, сарҳисоби зиндагиамро чӣ гуна ёбам?

   Саидҷони норакӣ

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

3 комментарий

  • Додарчон зик нашавед зиндаги пасту баландихо дорад шумо аз кудаки ин пасту баландихо и зиндагиро аз сар кардед шумо аз падару модар ки азизтарин одамон дар зиндагиамон хастан ятим мондед ин душворира аз сар карди , а духтар, дустдошта дар зиндаги хазорхо хазор мееби, гамша махур аз ин занак шумора худо халосаш кард .

  • чи чои маслихат ту мардаки дигараша гир зиндагита обод кун

  • Салом! Зик нашав зиндаги дар пеш боз хамаш нагз мешавад як зани дигар гир хамааш нагз мешад

Leave a Reply