Зан шавҳарашро дар хоб корд зад

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН, ҲУҚУҚ

Бино ба итилои ВКД рӯзи 20.12.16.с2016, бо доир намудани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ҷавонзани 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргули вилояти Хатлон, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сӯиқасд ба куштор дастгир гардид.

Номбурда, санаи 20-уми декабри соли 2016, тахминан соати 04:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш ҳангоми хоб будани шавҳараш, марди 22-солаи сокини ҷамоати зикргардида, бо корд якчанд маротиба ба қисмати гардан ва узвҳои баданаш задааст.

Бо рух додани чунин ҳодиса, шавҳараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гарида, тафтишот идома дорад

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply