Заминларза дар Тоҷикистон

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Имрӯз, 12 январ соати 08:40 бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон  заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре аз Хадамот иттилоъ доданд, заминҷунбӣ дар километри 125-уми самти шарқии Душанбе ба амал омадааст. Дар марказ қувваи заминҷунбӣ ба 4,8 ва дар шаҳри Душанбе ба 2,5-3 балл баробар будааст. Бар асари ин заминҷунбӣ талафоти ҷониву молӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин заминҷунбӣ дар соли равон буда, бори аввали он субҳи 09 январ дар километри 340-уми самти  ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо қувваи 3-4 балл ба қайд гирифта шуда буд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply