Заминларза дар Мурғоб

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Имрӯз, 9 январ соати 5:05 бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Дар ин бора  аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза дар масофаи километри 340-уми самти ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шудааст.

«Дар маркази заминларза замин бо қувваи 3-4 балл ҷунбидааст. Дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе заминларза ба мушоҳида нарасидааст»,-хабар доданд аз Хадамоти мазкур.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply