“Ямал”  Тоҷикистонро ба суд медиҳад?

ИҚТИСОД, МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ширкати ҳавоии “Ямал”-и Русия натавонист дар музокирот бо далелҳои боэътимод ҳақ буданашро собит кунад ва аз ин рӯ мехоҳад аз тариқи суд мушкили худро ҳал кунад.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, гуфтааст, ки “таҳдиди ба суд  муроҷиат кардан нишонаи он аст, ки ширкати “Ямал” расман ҳаққи парвозро ба Тоҷикистон надорад.”

Ба гуфтаи вай, ҷониби Тоҷикистон омода аст дар додгоҳ аз манфиати ширкатҳои ҳавоии худ дифоъ кунад. Ҳамзамон, вазир таъкид кард, ки ширкати ҳавоии “Сомон Эйр”, ки ба далели “таҳримҳо”-и Русия имкони парвоз ба шаҳрҳои минтақавии Русияро надорад ва хисороти сангини иқтисодӣ дидааст, метавонад бо чунин даъво ба суд муроҷиат кунад. Зимнан, хабаргузории русии «ТАСС» рӯзи 28 декабр аз қавли Андрей Дубров, мудири тиҷоратии ширкати ҳавоии “Ямал” хабар дод, ки дар робита ба манъи парвозҳо ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон ин ширкат барои ҷуброни хисороти ворида ба суд муроҷиат хоҳад кард.Ба гуфтаи Дубров, ҳоло мизони мушаххаси хисорот ҳисоб нашудааст ва феълан муҳосибон ин корро анҷом медиҳанд. Вай гуфт, рӯзи чоршанбеи 28 декабр парвози ҳавопаймои ин ширкат ба шаҳри Хуҷанд аз фурудгоҳи Жуковский анҷом нашудааст. Дар маҷмӯъ, ин ширкат натавонистааст дар муддати 9 рӯзи ахир ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд парвозҳо анҷом диҳад.Дар ҳамин ҳол, Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз муҳоҷирони кории тоҷик хост, дар ҳоли ҳозир аз харидани билети ширкати русии «Ямал», ки ҳанӯз иҷозаи парвоз ба Душанбеву Хуҷандро ба даст наовардааст, худдорӣ кунанд. Ҳоло даҳҳо мусофири тоҷик бо билети “Ямал” дар фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав дармонда, тақрибан як ҳафта боз интизори парвоз нишастаанд.Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорат, гуфт, ки парвози ҳавопаймоҳои “Ют Эйр”, “Уралские авиалинии” ва “Тоҷик Эйр” бе мушкил сурат мегиранд ва муҳоҷирон метавонанд, ки аз хадамоти онҳо истифода кунанд. “Беҳтар аст, аз ширкатҳое, ки иҷозаи расмии парвозро доранд, билет харанд. Чун бе ташвиши зиёдатӣ ба назди пайвандонашон хоҳанд рафт”, — афзуд ӯ. Сарвар Бахтӣ мегӯяд, ин иддао, ки мушкили парвози ҳавопаймоҳои “Ямал” аз тарафи Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, асос надорад.Ӯ гуфт, ширкати русии “Ямал” аз қабл огоҳ карда шуда буд, то замони ба даст овардани иҷоза билет нафурӯшад. “Вале билетро фурӯхтанд ва акнун мушкилро ба гардани дигарон бор мекунанд”, — гуфт ӯ.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply