ВМКБ: Куштори хушдомани бародар ва ҷароҳати янгаву бародарзода аз тири амак

ВМКБ, ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Некрӯз Ниятбеков, як сокини Хоруғ шаби 5 октябр дар деҳаи Возми ноҳияи Шуғнон ҳамсару писар ва хушдомани бародари марҳумаш Далер Ниятбековро тирборон кардааст. Пиразан ба ҳалокат расида, духтару набераи ӯ маҷрӯҳ шудаанд. Худи Некрӯз Ниятбеков фирор кардааст.

Бино ба гузоришихабаргузории «Спутник”, шаби 5 октябр дар пайи як ҷанҷоли хонаводагӣ дар деҳаи Возми ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон як зани солхӯрда ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба ин манбаъ, Некрӯз Ниятбеков, як сокини шаҳри Хоруғ дар Возм ҳамсару писар ва хушдомани бародари марҳумаш Далер Ниятбековро аз силоҳи оташфишон тирборон кардааст.

Далер Ниятбеков чанд сол пеш вафот карда, баъди даргузашти ӯ бар сари манзили истиқоматие, ки дар шаҳри Хоруғ дошт, байни хешовандон ҷанҷол хеста буд. Додгоҳ ахиран ин манзилро ба ҳамсари Далер Ниятбеков дод, вале Некрӯз Ниятбеков, ки аз ин ҳукми додгоҳ розӣ набуд, даст ба хушунат задааст.

Некрӯз Ниятбеков шаби ҷумъа силоҳ дар даст ба манзили хушдомани бародараш ба ҷамоати Поршнев рафта, баъди муноқишаи навбати онҳоро тирборон кардааст.

Бино ба гузориши «Спутник”, дар натиҷаи ин тирандозӣ хушдомани Далер Ниятбеков ҷон бохта, ҳамсару писараш ҷароҳат бардоштаанд ва онҳоро ба бемористони Хоруғ бурдаанд.

Худи Некрӯз Ниятбеков баъди тирборони хешовандони бародараш фирор кардааст. Мақомоти интизомии Бадахшон ӯро ҷустуҷӯ доранд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply