ВКД: Таҳқиқи моҷарои мактаби варзишии Рӯшон сар шуд

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо пахши хабари мухтасари моҷарои мактаби варзишии Рӯшон иттилоъ додааст, ки Хушвақт Дастамбӯеви 47-сола ва Самсон Зарифбекови 34-сола, сокинони деҳаи Рӯшони ноҳияи Рӯшон байни ҳам муноқиша намуданд ва дар натиҷа Зарифбеков С.Ғ. зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Гумонбарон аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардиданд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Э. НАЗАРОВ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply