ВКД барои Ҳамадонӣ се варзишгоҳ сохт

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шарикӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» (Сейферворлд) баҳри таъмини амнияти мардум, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таблиғи тарзи ҳаёти cолим тавассути машғул шудан бо варзиш, пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароии хушунатомез ва пешгирии дигар кирдорҳои номатлуб, ҳуқуқвайронкуниҳову ҷинояткорӣ дар ҳудуди деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Панҷрӯд, деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти С. Тӯрдиев ва деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Меҳнатобод се майдончаи варзиширо сохта бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудааст.

Таърихи 29 декабри соли 2017 дар маросими кушодашавии тантанавӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷавонон ва сокинони деҳаҳои номбурда иштирок намуданд.

Чунин ҳамкории судманд ва дастаҷамъона бояд барои дигар маҳаллаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ибрат гардад. Ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ барои сохтани майдончаҳои варзишӣ замин ва маблағро дар ҳаҷми 53% аз буҷаи умумӣ ҷудо намуд ва захираҳои маҳаллиро бо ҷалби ҷавонон ҳангоми насб намудани деворҳо истифода кард.

Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Ҳамадонӣ Вализода Абдуқодир Юсуф, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ Исмоил Гадоев, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Зумрад Абдуллозода, сардори РВКД дар ноҳия ва минтақаи Кӯлоб полковники милитсия Баҳодур Ваҳҳобзода, сардори ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ полковники милитсия Нуриддин Пирумшозода, роҳбари барномаҳои ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фердинанд Никола, директори ташкилоти ҷамъиятии “Заршедабону” Қаламнисо Абдуқаюмова, мушовири ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» Нуралӣ Ҳалимов ва Ҳамоҳангсози ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» Манижа Тилавова иштирок доштанд.

Иштироки чунин намояндагони баландпоя дар ин чорабинӣ аз муҳиммияти ин масъала ва таваҷҷуҳу ғамхории махсус зоҳир кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон шаҳодат медиҳад.

Меҳмононро сокинони деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Панҷрӯд, деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти С. Тӯрдиев ва деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо як самимият, дилгармӣ ва эҳтироми хоса пешвоз гирифтанд, ки он дар бораи маҳбубият, боварӣ ва дастгирии мардум нисбат ба сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ислоҳоти милитсия, алалхусус дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа, сиёсати давлатӣ дар мубориза бар зидди ифротгароии хушунатомез, “Консепсияи миллии тарбия” ва барномаҳои давлатӣ оид ба сиёсати ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.

Дар баромади худ раиси ноҳияи Ҳамадонӣ Вализода А.Ю. иштирокчиёни чорабиниро табрику муборакбод намуда, онҳоро бо мазмун ва муҳтавои Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва фоидаҳои судманди дуҷониба аз ин ҳамкорӣ шинос намуда, ҳозиринро ба бурдани тарзи ҳаёти солим тавассути шуғли варзиш, дур будан аз маънавиёти ҳизбу ҳаракатҳои ба мазҳаби мо бегона, омӯхтани илму технология ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, ҳурмату эҳтироми волидайну калонсолон, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, донистани фарҳанги бой ва таърихи гузаштаи халқи хеш, дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон, заҳмату меҳнати содиқона барои рушду тараққиёти Ватан, нигоҳ доштан, муҳофизат ва мустаҳакам кардани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаву шоиста барои мардум даъват намуданд.

Ҳамчунин, раиси ноҳия дар давоми суханронӣ қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ дар шарикӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» барои аз байн бурдани бекорӣ ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандон дар се ҷамоати дар боло зикргардида се намуд курсҳои омӯзиши компютерӣ, забони русӣ ва омӯзиши касби барқчиро барои 150 нафар ба роҳ монда буданд. Ин курсҳо бомуваффақият ба анҷом расонида шуда, ба ҳар як иштирокчии курсҳои номбаршуда дар рафти ин чорабинӣ шаҳодатномаҳо супорида шуданд.

Дар чорабиниҳои мазкур Кӯчар Шамсов, раиси маҳаллаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Панҷрӯд, Дунёбегим Ҷомадова, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти С. Тӯрдиев ва Сайдаҳмад Набиев, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дар баромадҳояшон ба истифода дода шудани ин 3 майдончаи варзиширо ҳамчун ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати насли наврас ва ҷавонон арзёбӣ ва сипосгузорӣ карда, изҳор намуданд, ки аз ин ғамхориҳо хеле ҳам рӯҳбаланд шуда, ҳамаи қувваю ғайраташонро барои таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ҳурмату эҳтиром ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, дастгирии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободию рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол равона месозанд.

Сохтани чунин майдончаҳои варзишӣ ин як иқдоми нек буда, он метавонад аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатманд анҷом дода шавад, зеро ки на он қадар маблағи калон хароҷот мешавад. Он метавонад ба таъмини бехатарии мардум дар деҳаҳо мусоидат намуда, ҷавононро аз машғул шудан ба оворагардӣ, даст задан ба амалҳои номатлуб, ба монанди истеъмоли маводи мухаддир ва машрубот, шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ боздошта, онҳоро барои пешбурди тарзи ҳаёти солим водор намояд.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амаликунандаи сиёсати дохилии давлат оид ба масъалаи таъмини бехатарии мардум, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳамкории дастҷамъона бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини сулҳу субот, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушду тараққиёти давлати соҳибистиқлол таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҳар як иқдоми некро дар ин самт дастгирӣ менамояд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply