ВКД: Агар шиносед, дарак диҳед!

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Бинобар иттилои сомонаи ВКД ҶТ, ронандаи мошини сабукрави тамғаи «Опел-Астра» Миров Хуршед Зайниддинович 14-уми июли соли равон тахмин дар соати 21:00 дақиқа ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дар ру ба рӯи деҳаи Шаҳристон ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард —  марди шахсияташ номаълумро пахш кардааст. Пиёдагард дар беморхонаи Ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидааст.

Марди  ҳалокшуда  55-60 сола буда, 180 см қадаш, мӯйи сар ва риши сафеди паст дорад. Ҳангоми фоҷиа дар тан либоси варзишии (футболка) сурх ва шими варзишии рангаш сиёҳ дошт.
Аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати муайян кардани шахсияти пиёдагард бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намоянд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply