Вайронкорони танзим 2 млн 427 ҳазору 590 сомонӣ ҷарима шудаанд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Нишасти матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузориши муовини якуми раиси кумитаи имазкур Ҷумъахон Ғиёсов вобаста ба фаъолияти Кумита дар соли 2016 шурӯъ шуд.
Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи масҷидҳои ҷомеи марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақта, ташкилоти динии ғайриисломӣ, Маркази исломӣ, ҷамоатхонаҳо (дар маҷмуъ 3989 иттиҳодияи динӣ) тибқи талаботи қонун фаъолият доранд.
Кумита маълумотро оид ба теъдоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил менамуданд, дастрас намуд. Маълум гардид, ки 3493 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар таҳсил намудаанд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ то имрӯз дар маҷмўъ 3210 нафари донишҷӯ ба Ватан баргардонида шуданд. Мутаассифона, аз ин теъдод 92 нафарашон дубора бо роҳҳои гуногун ба ҷои таҳсили пешинаашон баргаштаанд.
— Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷараёни баргузории маъракаҳо дар маҷмўъ 22893 рейд гузаронида шуд, — гуфт Ҷ. Ғиёсов. — Мутобиқи маълумоти Раёсати омори судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 вобаста ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 912 парванда ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ворид шуда, 767 парванда баррасӣ гардидааст. Маблағи аз ҳисоби ҷаримаҳои парвандаҳои баррасишуда 2 миллиону 427 ҳазору 590 сомониро ташкил медиҳад.
Кормандони Кумита дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 116 рейд баргузор намуда, рафти беш аз 700 маъракаҳои шаҳрвандонро назорат намуданд. Дар натиҷа, зиёда аз 80 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва парвандањои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Танҳо бо ҳисоби камтарин дар баргузории маъракаҳои хатна, тўйи домодию арўсӣ, чил ва сол дар ин давра беш аз 692 миллиону 559 ҳазору 379 сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст. Баъд Ҷумъахон Ғиёсов ва дигар масъулони кумита бо саволҳои зиёди хабарнигорон посухҳои мушаххас доданд.
Э. НАЗАРОВ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply