Вакилони парлумон арзи интихобкунандагонро мешунаванд

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 то 20 январи соли ҷорӣ ҷиҳати мулоқот бо интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафари корӣ мебароянд.

Тибқи иттилои Муҳамадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон вакилони Маҷлиси намояндагон дар давоми 10 рӯз бо интихобкунандагони худ мулоқоту вохуриҳо гузаронида, роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору қонунҳои ба тоза қабул гардидаи ин мақоми олии қонунбарор гузориш медиҳанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар маҳалҳо бо коллективҳои меҳнатии омӯзгорон, духтурон, намояндагони сохторҳои қудратӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  мулоқот намуда,  дар ҳаллӣ мушкилоти  ҷойдошта мусоидат менамоянд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply