Ваҳдат: Мард занашро оташ зад

НТМ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Марди 47-солае, ки ҳамсарашро дар шаҳри Ваҳдат оташ зад, духтури анастезeолог Иброҳим Камолов будааст. Иброҳим Камолов аз ин ҳамсараш ду сол пеш ҷудо шуда буд ва додгоҳ хонаи ӯро ба зану кӯдаконаш дода, вайро дар як ҳуҷраи ин хона маскун карда буд. Тавре як манбаъ мегӯяд, Иброҳим Камоловро ҳамсару хушдомани собиқаш дар ин ҳуҷра рӯзи хуш намедоданд.

Бознашр аз «Ахбор»

Дар паййи нашри гузориши ин ҳодиса дар бораи ҳамсарашро оташ задани як марди 47-сола дар шаҳри Ваҳдат, ба «Ахбор” муяссар шуд, ки аз шоҳидони айнӣ дар бораи ин ҳодиса тафсилоти бештаре ба даст биорад.

 Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони «Ахбор», Иброҳим Камолов ду сол пеш баъди бозгашт аз муҳоҷирати корӣ аз Русия ҳамсарашро, ки дар як мактаб муаллима буд, ба хиёнат айбдор карда, ӯро талоқ дод.

Додгоҳ бар асоси шикояти зан хонаи Иброҳим Камоловро ба номи ҳамсари собиқи ӯ ва фарзандонаш кард ва худи Камолов бо ҳукми додгоҳ дар як ҳуҷраи ин хона маскун шуд. Ҳамсару хушдомани собиқаш Иброҳим Камоловро дар ин ҳуҷра ҳам рӯзи хуш намедоданд, пайваста нирӯи барқашро мебуриданд, чизу кораашро пушти дар мегузоштанду талаб мекарданд, ки аз инҷо бикӯчад.

Яке аз ҳамсӯҳбатони «Ахбор» мегӯяд: «Иброҳим маҷбур буд, ки ин рӯзи сиёҳро тоқат кунад, чунки дигар ҷое барои рафтан надошт. Зоҳиран дар ниҳоят ӯро ба ҷонаш расондаанд, ки занашро ба чунин шакл — ба сару рӯяш бензин рехта, оташ задааст.”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 25 ноябр бидуни овардани ягон исм хабар дод, ки як марди 47-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи ҳамсараш дастгир шудааст.

Бино ба ин манбаъ, «гумонбаршуда, 26-уми октябри соли ҷорӣ дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи оилавии ба миён омада, ба сару рӯи ҳамсараш, зани 44-солаи сокини шаҳри мазкур, моеъи сӯзишвории навъи бензинро пошида, оташ задааст. Дар натиҷа ҳамсараш бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардида, рӯзи 31-уми октябри соли 2017 ба ҳалокат расидааст.”

Ба зидди ин шавҳари бераҳм бар асоси моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Дар бемористони шаҳри Ваҳдат ба хабарнигорон гуфтанд, ки ин зан 5 рӯз дар шӯъбаи реаниматсияи ҳамин бемористон таҳти табобат қарор дошт: «Вале ин зан тақрибан ягон шанси зинда мондан надошт, чунки 95 фоизи баданаш сӯхта буд.”

Дар моҳҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи дучори ҳамлаҳои хушунатомези шавҳаронашон қарор гирифтани ҳамсарон гузоришҳои зиёд ба даст мерасанд. Ин хушунатҳо тақрибан ҳама дар пайи муноқишаҳои оилавӣ сар задаанд.

Аз ҷумла рӯзи 4 октябр додгоҳи ноҳияи Хуросон Улуғбек Тошпӯлодович Дусановро бар асоси қисми якуми моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (куштор) ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Маркази матбуоти додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Улуғбек Дусанов ба он айбдор дониста шуд, ки «ӯ бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум намудани собиқ ҳамсараш Аннақулова Раҳима Норбоевна, санаи таваллудаш 27 июли соли 1964, истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ, деҳаи Деҳқонобод29 июли соли 2017 тахминан соати 900дақиқа ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42 воқеъ дарноҳияи Хуросон, деҳаи Ҳосилот омада, ба утоқи кории директори муассиса даромада, ҳамсараш Аннақулова Раҳимаро бо корди дар дасташ буда чор маротиба ба қисми қафаси сина, шикам ва пушташ задааст.”

Дар натиҷа, Раҳима Аннақулова аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Ҳамчунин додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи апрел сокини 35-солаи ноҳияи Нуробод М. Шариповро барои қатли бераҳмонаи ҳамсари 29-солааш ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Шарипов барои як нофаҳмии дар асл хеле ночиз — танҳо барои онки ҳамсараш М.М.Саидова «бе иҷозат” мехост ба хонаи волидонаш биравад, ӯро бо табар куштааст. Бино ба ҳукми додгоҳ, М.Шарипов «дар ғазаб шуда, дар фарши ошхона табарро, ки барои иҷрои корҳои хоҷагидорӣ нигоҳ дошта мешуд, дида бо мақсади амалӣ намудани ин нияти ҷинояткоронааш, бо дасти чапаш аз гиребони Саидова М.М. сахт дошта, аз замин бо дасти росташ табарро гирифта, қасдан бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани охирон, бо бераҳмии махсус якчанд маротиба ба қисматҳои гуногуни сари завҷааш Саидова М.М. зарба задааст.”

Ҳамин тавр, рӯзи 26 август як марди 43-солаи сокини ҷамоати Сешанбеи Турсунзода дар ҳолати мастӣ ба қафаси синаи ҳамсари 34-солааш бо корди хоҷагӣ як зарба зад. Зани захмиро ба бемористон бурданд ва шавҳари бадҷаҳлро боздошт карданд. Рӯзи 26 сентябр як сокини 51-солаи ҷамоати Тӯйчиеви Турсунзода низ дар ҳолати мастӣ ба шиками ҳамсари собиқаш як корд зад. Зани бечора дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Рӯзи 2 ноябр Абдулмаҷид Бердиев ном сокини 56-солаи деҳаи Чорбоғи Истаравшан ҳамсари собиқи 40-солааш Нигора Қулиеваро дар ҷои кораш – бозори Истаравшан бо корд зада кушт. Нигора Қулиева қаблан ҳамсари дуюми Бердиев буд ва дар бозори Истаравшан ба фурӯши ҷавоҳирот машғул буд. Аз ӯ ду фарзанд ятим монд.

Шаби 2 ба 3 октябр дар шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Кенҷабоев Фарҳод дар пайи хуруҷи бемории рӯҳӣ ҳамсараш Кенҷабоева Гулнозаро бо зарби теша кушта, баъдан худашро дар оғил ба дор овехт.

Шаби 5 октябр Абдураҳмон Бадиев, сокини 71-солаи деҳаи Гулзори ноҳияи Бохтар дар пайи як муноқишаи оилавӣ ҳамсари 45-солааш Шакармоҳ Бадиеваро 5 корд ва духтари 16-солааш Ҳадиса Бадиеваро 4 корд зад. Мӯйсафед баъди ин худро дар як дарахт дар боғи хонааш ба дор овехта, худкушӣ кардааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply