Усмонҷон Ғаффоров, Ҳадиса ва Шаҳрия Ғолибони озмуни «Иҷлосияи сарнавиштсоз»

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Озмуни ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бахшида ба 25 солагии баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ва рӯзи Президент – “Иҷлосияи сарнавиштсоз” ҷамъбаст гардид.
Ин озмун тӯли 3 моҳ дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” баргузор гашта дар он шоирон, носирон, журналистон ва онҳое ки дар мавриди ин санаи муҳим хотираву ёддошт доранд, ширкат варзиданд.
Озмун дар ду бахш: наср ва публитсистика ва назм баргузор гардид.
Ҳамин тавр дар бахши наср ва публитсистика ҷойи дуюм насиби профессор Усмонҷон Гаффоров гардид ва ҷойи сеюм ба Эмомалӣ Назаров

барои мусоҳибаҳояш бо Ҳабибулло Табаров ва Абдулмаҷид Достиев лоиқ дониста шуд. Умари Шерхон барои мақолааш дар бораи Адолат Раҳмонова бо мукофотпулӣ сарфароз шуд.


Дар бахши назм Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло барои манзумаи «Офтобе аз сиришти халқ» сазовори ҷойи аввал,

 Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова барои достони «Хатлон» сазовори мақоми дуввум

ва Шаҳрия Аҳтамзод барои манзуми «Зиндагӣ бори дигар оғоз шуд» сазовори ҷойи сеюм

гардид.
Барои беҳтарин асар дар бахши наср ва публитсистика:
ҷойи аввал 3000 сомонӣ;
ҷойи дуввум 2000 сомонӣ;
ҷойи севум 1000 сомонӣ.
Ва бахши назм:
ҷойи аввал 3000 сомонӣ;
ҷойи дуввум 2000 сомонӣ;
ҷойи севум 1000 сомонӣ.
— мукофотпулӣ муайян гардида буд.
Маросими супоридани ҷоизаҳо имрӯз баргузор шуд.

برندگان آزمون «اجلاسیه سرنوشت‌ساز»


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply