Қурутоб дукасро кушту 30 каси дигарро…

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН

Додгоҳи вилояти Хатлон сокини 37-солаи деҳаи Турдишайхи ноҳияи Панҷ Моҳпора Ҳимматоваро бо ҷурми куштани бародари шавҳарашу духтарчаи чорсолаи ӯ ва заҳролуд кардани беш аз 30 тани дигар аз хешу табори шавҳараш ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Ин зан ба қурутобу нон доруи ҳашарот ҳамроҳ карда, ба хешу табори шавҳараш хӯрондааст.

Шералӣ Қарохонов, адвокати Моҳпора Ҳимматова ба нашрияи «Фараж” гуфт, ки додгоҳи вилояти Хатлон ин зани таҳти ҳимояи ӯро ҳанӯз рӯзи 9 ноябр маҳкум ба 18 соли зиндон кард ва онҳо ҳоло аз ин ҳукм ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдаанд.

Шералӣ Қарохонов мегӯяд: «Прокурор барои зерҳимояи ман 28 соли маҳбас талаб кард. Судяи парванда Маҳмудзода Зубайдулло ҳукмро 25 сол эълон кард, вале бо дастрасии қонун дар бораи авфи соли 2016-ум аз чор як ҳиссаи ҷазо кам карда шуда, дар умум иҷрои ҳукм ба 18 сол расонида шуд.”

Муфаттиши прокуратураи вилояти Хатлон Салимзода Восеъ Саид, ки тафтиши ин парвандаро анҷом додааст, дар суҳбат бо «Фараж” гуфт, ду узви оилаи Насриддиновҳо аз деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддини ноҳияи Панҷро дар соли 2014 келини хонавода Ҳимматова Моҳпора бо роҳи заҳролудсозӣ бо мақсади аз худ кардани манзили истиқоматӣ куштааст.

Тафтишот мегӯяд, Ҳимматова Моҳпора Сайвалишоевна, сокини деҳаи Турдишайхи ҷамоати «Озодагон”-и ноҳияи Панҷ, аз рӯзҳои аввали издивоҷ бо Насриддинов Мирзошо, сокини 38-солаи деҳаи Пахтакори ҷамоати ба номи Кабуд Сайфиддинови ноҳияи Панҷ нисбат ба наздикони шавҳараш эҳсоси хусумат пайдо карда, чанд дафъа кӯшиши бо роҳи заҳролдусозӣ куштани онҳоро кардааст. Дар натиҷа бародари шавҳараш Насриддинов Мирхӯҷаи 36-сола аз истеъмоли қурутобе, ки келинашон Моҳпора Ҳимматова ба ин хӯрок доруи ҳашароти зараррасон ҳамроҳ карда буд, ҷон дода, ду моҳ баъди марги падар духтарчаи чорсолаи ӯ Таҳмина Насриддинова низ бар асари истеъмоли ноне, ки Моҳпора Ҳимматова дар хамираш доруи ҳашарот андохта буд, ба ҳалокат расид.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи июни соли ҷорӣ бо нашри як гузориши муфассал хабар дод, ки як зани 37-солаи зодаи деҳаи Турдишайхи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро ҳамчун гумонбар дар одамкушӣ дастгир кардаанд. Бино ба ин гузориш, ин зан аз рӯзҳои аввали издивоҷаш бо як сокини 43-солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Панҷ нисбат ба шавҳар ва хешу табори шавҳараш хусумат пайдо карда, дар фикри ҷисман нобуд кардани онҳо шудааст.

Ҳамин тавр, рӯзи 29 июни соли 2014, вақте аҳли ин оила дар саҳро машғули кор буданд, ин зан барои онҳо «қурутоб тайёр намуда, ба он доруи ҳашароти зараррасон ҳамроҳ кардааст.
Баъди истеъмоли қурутоб бародари шавҳараш марди 39-сола, ҳамсари ӯ зани 34-сола, фарзандонашон духтарчаҳои 9-сола, 6-сола, 4-сола, ҷиянҳояш ҷавони 19-солаи сокини ш.Душанбе, марди 38-солаи сокини деҳаи Сафедорон ва марди 36-солаи сокини шаҳраки Панҷ заҳролуд шуда, дар беморхонаи марказии н.Панҷ, бистарӣ гардидаанд.
Дар натиҷа бародари шавҳараш марди 39-сола дар беморхонаи мазкур ба ҳалокат расидааст.

Аммо ҳатто марги бародари шавҳараш ин занро, ки ҳирси куштан мағзашро пур карда буд, манъ карда натавонист.

Вазорати корҳои дохила менависад: «Баъдан, зани гумонбаршуда кирдори ҷинояткоронаи худро давом дода, рӯзи 7-уми сентябри соли 2014 ба хамири нон доруи ҳашароти зараррасонро ҳамроҳ кардааст. Баъди истеъмоли нон ҳамсари бародари шавҳараш зани 34-сола бо фарзандонаш ва хоҳари шавҳараш зани 26-сола заҳролуд шуда, дар беморхонаи марказии н.Панҷ бистарӣ гардида, хурдсол – духтарчаи 4-сола дар беморхонаи мазкур ба ҳалокат расидааст.

Худи ҳамон рӯз ин зан барои маъракаи себегоҳаи тағои шавҳараш 20 кулча пухтааст. Албатта, боз ҳам бо ҳамроҳ кардани дору ҳашарот ба хамири ин кулчаҳо: «Аз истеъмоли кулчаҳо шахсони дар он ҷо ҳузур дошта: зани 38-сола, ҷавондухтари 21-сола, зани 52-сола, ҷавондухтари 23-сола, зани 54-сола, зани 55-сола ва писарбачаи 7-сола заҳролуд шуда, дар беморхонаи ш.Қӯрғонтеппа бистарӣ гардиданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply