Умедҳои барбодрафтаи  Кабирӣ, чаро касе ба додаш намерасад?

Сиёсат, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

 

Ин ҳафта дар ҳаёти сиёсии ҳизби дар Тоҷикистон манӯи Кабирӣ бояд як ҳодисаи фавқулода рух медод ва тамоми ҷаҳон ба муқобили сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон нисбати ӯ ва ҳизбаш садо баланд мекард. Аммо ин тавр нашуд ва латтаи роҳбарони ин ҳизби аллакай моли таърихшуда ба об афтод. Чаро? Гап дар сари он,ки ҳафтаи равон дар нишасти навбатии Варшава, ки онро САҲА анҷом дод, Кабирӣ хост дар назди оммаи рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон аз “бедодгариҳои “ Тоҷикистон дар мавриди  “маҳбусони сиёсӣ” суханронӣ кунад ва сели ашки хориҷиёнро равон созад. Аммо дар  толоре,ки ин ҷаноб баромад кард, ба ҷуз худашу ду-се пайравонаш ва гурӯҳи хурди ҳангоматалабоне,ки дар он ҷо ҳузур доштанд,  касе ёфт нашуд, ки ба ин ҳарзаҳо гӯш диҳад. Худи Кабирӣ пас аз хотимаи суханрониаш сабаби онро дар ин гуфт,  ки гӯё ҳоло диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Сурияю Мянма ва Украина ҷалб аст ва бинобар ин, ин ҷомеа нисбати ҳодисаҳои Тоҷикистон камтаваҷҷуҳ аст. Дар ин маврид қисман  ҳақ ба ҷониби ӯст. Зеро на ҳама вақт доранд, ки таҳаввулоти муҳими   имрӯз дар ҷаҳон рухдодаистодаро ба як сӯ гузошта, гӯш ба ҳар гуна ҳарзаҳои ҳавоӣ диҳанд. Аммо сабаб танҳо ин нест. Сабаби асосӣ дар он аст, ки кӣ будани Кабирӣ  ва ҳизби террористии ӯро дар Аврупо ҳам ба оҳистагӣ пай бурда истодаанд ва дар ин ҷо низ дарк мекунанд,ки дастгирии чунин як ҳизб, ки мақсади ниҳоияш ноором намудани Тоҷикистон ва паи ба даст овардани мақсадҳои худ рехтани хуни мардум аст, кори савоб нест. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ нисбати доду вовайлои ӯ ва чанд ҳаммаслакаш дида нашуд. Дар ин “кабиримаҷлис”, ки дар ҳошияи  анҷумани САҲА баргузор гардид, ҳатто намояндагони расмии ин созмон ширкат накарданд.

Кабирӣ дар посух ба суоли ҳозирин дар мавриди ширкат надоштани намояндагони расмии САҲА гуфт, ки кадом мулоқоти расмие бо намояндагони САҲА дар ҷараёни ҳузураш дар Варшава барномарезӣ нашудааст.Аммо ӯ дурӯғ мегуфт ва нақшаҳои ӯ дар ин маврид калон буданд. Ин, ки роҳбарони САҲА ба ҲНИТ ва дигар  мухолифин таваҷҷуҳ накарданд, ин хизмати дигарон буд. Ҳукумати Тоҷикистон ба таври қотеъона қабл аз баргузории анҷумани Варшава ҳушдор дод, ки дар ҳолати ба таври расмӣ ба Кабирӣ минбар додани ин созмон охирин дафтари САҲА дар кишвар  баста хоҳад шуд. Зеро Ҳизби мамнӯъи Кабирӣ дар  бисёр ҷиноятҳо даст дорад ва минбар додан ба раиси ин ҳизб баробар ба сухан додан ба ҷинояткор аст. Маълум, ки ин гуфтаҳо ба гӯши роҳбарони САҲА расидааст ва он бетаъсир ҳам набудааст. Аммо Кабирӣ қабл аз тӯй нақора навохта истода, пеш аз оғози нишастҳои анҷуман ҷонибдорони худро дар атрофи биное,ки дар он ҷо бояд нишастҳо баргузор мегардиданд, як рӯз пеш ҷамъ оварда буд.Аммо он ҳам бенатиҷа ва берангу бемазмун гузашт. Ҷамъомадагон,ки асосан аз созмонҳои мухолифи давлати Тоҷикистон буданд, худашон гуфтанду худашон шуниданду баъд аз як соати ҳаёҳу, ки ба гӯши касе нарасид,   ба бургерхӯрӣ рафтанд.

Маълум,ки чунин нишасти камранг ва ҳаёҳуи бешунаванда ба рӯҳияи онҳое, ки ба фаъолияти  ин гурӯҳ таваҷҷуҳ доштанд, бетаъсир намонд ва баъд аз ин дар шабакаҳои  иҷтимоӣ комментарияҳоие пайдо шуданд, ки аз ба охир расидани “даврони Кабирӣ” ва ҳизби ӯ пешгӯӣ мекарданд.Ин пешгӯиҳо аллакай амалӣ шуда истодааст ва рӯзе мерасад,ки касе ба хотир оварда наметавонад,ки чунин як ҳизб ва чунин як роҳбар буд. На дар Аврупо ва на дар Тоҷикистону минтақа. Аммо тақдири дафтари САҲА дар Душанбе чӣ гуна хоҳад шуд,маълум нест. Ҳарчанд ин созмон Кабириро ба Варшава роҳ дод, аммо ба таври расмӣ ба ӯ минбар пешниҳод накардааст ва дар нишасти ташкилнамудаи ӯ низ ягон роҳбари ин созмон ширкат наварзидааст. Тасмими ниҳоӣ нисбати тақдири ин созмон дар Тоҷикистон дар дасти Ҳукумат аст….

Ю. СОДИҚЗОДА


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply