Қубодиён: Модар маҷбӯр гашт писарашро ба додгоҳ кашад

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН, ҲУҚУҚ

Сокини 82-солаи Қубодиёни вилояти Хатлон ба воситаи додгоҳ аз писари калонияш алимент талаб кардааст. Додгоҳ низ даъворо қабул ва писари Сангин Мирзоеваро вазифадор кардааст, ки ҳар моҳ ба модараш 70 сомонӣ алимент диҳад.

«Ман маъюбам ва маҷбур шудам ба додгоҳ муроҷиат кунам ва онҳо даъвои маро қабул карданд, аммо ҳаҷми алиментро 70 сомонӣ муайян карданд, ки хеле ночиз аст», — мегӯяд пиразан.

Сангин Мирзоева ҳанӯз дар ҷавонӣ аз шавҳараш ҷудо шуда, шаш фарзандашро, ки дуи онҳо дар замони ҷанги шаҳрвандии кишвар даргузаштаанд, худ ба воя расондааст. Ӯ ҳоло ҳамроҳи писари хурдиаш зиндагӣ мекунад ва ду духтараш низ баъди издивоҷҳои номуваффақ ба назди модарашон баргаштаанд. Саидмаҳмуд Гулзода, додраси додгоҳи Қубодиён мегӯяд, ин бори дувум аст, ки дар ноҳия волидайн аз фарзандон алимент талаб мекунанд.

Бар пояи қонунҳои маъмурии Тоҷикистон, фарзандони қобили меҳнат вазифадоранд, ки падару модари нафақахӯрашонро нигоҳубин кунанд. Сангин Мирзоева аз фарзандаш 300 сомонӣ алименти моҳона талаб карда буд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply