Убайдуллоев ба ёрдамчиаш 2 ҳазору 108 сомонӣ медиҳад

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои ишғоли 36 мансаби холӣ дар шаҳрдорӣ озмун эълон кардааст.
Тибқи қарори имзонамудаи Убайдуллоев довталабҳо метавонанд барои ишғоли мақоми ёвари раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи раис ва мақомоти маҳаллии Душанбе ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунанд.
Шаҳрдорӣ мегӯяд, аз ҷумла мақоми мудири шуъбаи умумӣ ва протокол, мудири шуъбаи назорат, мудири шуъбаи саноат ва энергетика, мудири шуъбаи ташкилӣ, муовини сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдо, муовини сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оила, мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сармутахассису мутахассис ба довталабон пешниҳод шудаанд.
Раиси Душанбе ҳадаф аз эълони озмунро таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос дар хизмати давлатӣ ва шаффофияту болоравии касбии хизматчиёни давлатӣ арзёбӣ кардааст.
Аз шаҳрдорӣ  иттилоъ доданд, ки маош барои сармутахассисон ҳудуди 895 сомонӣ, барои мудирони шуъба ҳудуди 1208 сомонӣ буда, вобаста ба собиқа ва самаранокии кор боло бардошта мешавад. Манбаъ маоши ёвари раиси шаҳри Душанберо 2 ҳазору 108 сомонӣ арзёбӣ кард.
Довталабон метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе бо рақамҳои 221-35-68, 221-62-56 муроҷиат намоянд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply