ТВС озмун эълон мекунад!

ВМКБ, НТМ, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН
Телевизиони Сафина маросими ҷоизасупории телевизионии «БЕҲТАРИН» барои дарёфти ҷоизаҳо кулли эҷодкоронро аз шабакаҳои телевизионӣ, марказҳои продюсерӣ ва студияҳои хусусӣ барои ширкат даъват мекунад.
Маросими ҷоизасупории телевизионии «БЕҲТАРИН» беҳтаринҳоро муайян хоҳад кард. Довталабон метавонанд аз рӯи бахшҳои зерин маводи худро пешниҳод намоянд: 1. Беҳтарин филми мустанадё барномаи муаллифӣ 2. Беҳтарин шоу-барнома 3. Гузориши беҳтарини иттилоотӣ 4. Беҳтарин барномаи илмӣ-оммавӣ 5. Беҳтарин наттоқ 6. Беҳтарин кори коргардонӣ 7. Беҳтарин кори наворбардорӣ 8. Беҳтарин танзими барнома 9. Муаллифи беҳтарин идея 10. Ороиши беҳтарин (дизайн) 11. Беҳтарин мусоҳиба (диалог) 12. Беҳтарин барномаи ватанпарастӣ 13. Лавҳаи беҳтарини фарҳангӣ 14. Беҳтарин садо 15. Беҳтарин ороиши студия (рассом) Шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявию вилоятиву шаҳрӣ, марказҳои продюсерӣ ва студияҳои хусусӣ маводи худро бояд то 30-юми сентябри соли ҷорӣ ба МД ТВС пешниҳод намуда, номнавис шаванд. Иштирокчиёни ҷашнвораро ҷоизаҳои махсус ва туҳфаҳои молӣ интизор аст ! Маросими ҷоизасупории телевизионии «БЕҲТАРИН» дар фазои шукуҳманд, бо ширкати меҳмонони дохилу хориҷ ва сарояндаҳои маъруф ҷамъбаст хоҳад шуд. Телевизиони “САФИНА”, беҳтаринҳоро меҷӯяд, ин ҷо, ҷои беҳтаринҳост ! Довталабонро зарур аст барои иштирок дархости худро ( Дархост ) ба суроғаи Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” пешниҳод намоянд.

Publié par Zafar Mirakov sur mardi 29 août 2017

Тамос бо мо: 901-80-65-56, 93-537-00-66, 227-78-07
www.safina.tj // behtarin-tvs@mail.ru

Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “ТВС озмун эълон мекунад!

  • Шахри кургонтеппа кучаи, Айни 52 хуч.6. тел:909699990

Leave a Reply