Туризм кадр мехоҳад. Мушкилоте, ки боиси монеаи пешрафти соҳа гардидааст

ИҚТИСОД, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Тибқи пешгӯиҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ шумораи умумии сайёҳон то соли 2020 то ба 1,6 млрд. нафар хоҳад расид. Имрӯз бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон ҷолибияти иқтисодии соҳаи сайёҳиро вобаста ба афзоиши пардохтҳои марбут ба андоз, зиёдшавии шумораи ҷойҳои корӣ, болоравии сатҳу сифати зиндагонии мардум ба хубӣ дарк намуда, ҷиҳати тақвияти тадбирҳо дар ин самт корҳои шоистаеро ба сомон мерасонанд. Ҳамасола даромад аз соҳаи туризм дар миқёси ҷаҳон зиёда аз 3 триллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Туризм дар иқтисодиёти ҷаҳон ҷойи сазовореро касб кардааст.      

 Сарвари  давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба масъалаи рушди соҳаи туризм таваҷҷуҳи хоса намуда, иброз доштанд, ки «Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад».

Дар  Паёми Сарвари давлат туризм яке аз соҳаҳои муҳими рушди иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат арзёбӣ гардидааст. Саноати сайёҳӣ метавонад  аз самтҳои афзалиятнок бахши тиҷорат ва омили асосии рушди давлатии иҷтимоӣ-иқтисодӣ бошад. Саноати сайёҳии муосир яке аз бахшхои бузурги сердаромад ва мунтазам рушдкунандаи табодули байналмилалии хизматрасониҳо мебошад. Аз Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки рушди бонизоми иқтисодии мамлакат ба беҳдошти инфрасохтори сайёҳӣ мусоидати судманд хоҳад кард. Инфрасохтори сайёҳӣ- ин маҷмӯи комили корхонаҳои сайёҳӣ-хизматрасонӣ ва корхонаҳои дигари ёрирасони соҳа мебошад. Ба инҳо иншоот, сети муҳандисию коммуникатсионӣ, аз ҷумла алоқаҳои телекоммуникатсионӣ, роҳҳо, корхонаҳои омехтаи саноати сайёҳӣ (маишӣ, энергетикӣ, коркарди маҳсулот), ки дастрасии сайёҳонро ба захираҳои сайёҳӣ ва дигар имкониятҳо ҷиҳати истифодаи мақсаднок дар соҳаи туризм таъмин менамоянд, мебошад.

Соҳаи туризм ба иқтисодиёти аксари  минтақаҳо таъсири арзишманд боқӣ мегузорад. Бунёд ва фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи туризм бо нақлиёт, хизматрасониҳои фарҳангӣ, маишӣ-коммуналӣ, тиббӣ ва амсоли инҳо робитаи зич дорад.  Аз ин нуқтаи назар, соҳаи сайёҳӣ нисбат ба соҳаҳои дигари бахшҳои иқтисодӣ метавонад муҳаррики асосии пешрафт бошад.

Дар Тоҷикистон вобаста ба рушди соҳа ҳалли чунин вазифаҳо дар мадди аввал қарор доранд:

  • истифодаи мақсаднок аз имкониятҳои табиӣ, таърихию фарҳангӣ;
  • инкишофи бемайлони инфрасохтори сайёҳӣ;
  • боло бурдани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани он;
  • густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии туризми дохиливу хориҷӣ;
  • ҷалби ҳар чӣ бештари сармоя ҷихати беҳдошти фазои сайёҳи дар мамлакат;
  • тарбияи мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар ин самт.

Инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад. Бунёди иншооти мухталифи меҳмонхонавӣ,  иншооти сайёҳӣ дар ҳудудҳои мавзеъҳои зебои табиат, бунёди шоҳроҳҳои нави ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва таҷдиди дубораи роҳҳои мавҷуда,  осоишгоҳҳои наву замонавӣ, муассисаҳои таъмин бо ғизо, нақлиёт ва амсоли инхо дар кори пешрафти соҳаи туризм таъсири амиқ гузошта истодаанд. Бо вуҷуди корхои созандагӣ дар самти таҳкими инфрасохтори сайёҳӣ норасоиҳо дар ин самт ҷой доранд. Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо зарурати бунёди иншооти мехмонпазироии хурд (guest house), иншооти маишию истироҳатии сарироҳӣ, (ошхонаву тарабхона, истироҳатгоҳ-фароғатгоҳҳо бо шароити хуби санитарию гигиенӣ),  таҷдиди роҳҳо то мавзеъҳои зебои табиат ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, таъмини нақлиёти дорои шароити роҳат барои меҳмонону сайёҳон ва амсоли инҳо беҳбудӣ металабад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, дар баробари корҳои назаррас дар самти бунёди шароити мусоид барои корҳои хоҷагии қишлоқ дар ин самт низ ҳамчун самти афзали пешрафти иқтисоди маҳал диққати бештар равона созанд.

Сатҳу сифати хизматрасонӣ аз муҳимтарин омилҳои пешбурди соҳаи туризм буда метавонад. Бояд тазаккур дод, ки то ҳол муассисаҳои соҳаи хизматрасонии мамлакат (ба ҷуз меҳмонхонаҳои алоҳидае, ки дар ш. Душанбе ва марказҳои баъзе аз вилоятхо  фаъолият доранд) воқеияти сатҳу сифати хизматрасонӣ ба меҳмонони хориҷиро ба хубӣ амалӣ намесозанд. Дар бисёре аз ин гуна муассисаҳо мутахассисони соҳа ба кор ҷалб нагардидаанд, ки ин раванд танҳо бар зарари тиҷорати онҳо мебошад. Хусусан меҳмонхонаҳои воқеъ дар марказҳои ноҳияҳо, тарабхонаҳо, корхонаҳои нақлиётӣ, объектҳои фароғатию дилхушӣ ба таҷдиду тармим эхтиёҷ доранд. Соҳибмулконро зарур аст, ки болои масъалаи навсозӣ ва чалби мутахассисони кордону болаёқат андеша намоянд. Фарҳанги муошират, қабулу гусели меҳмон, иззату икром, ҷобаҷокунӣ, гузаронидани экскурсияҳои шавқовар, бунёди фазои солиму таассуротбахш-ин ҳама дар ҳоли беҳдошт метавонад як омили муҳими ҷалби ҳар чӣ бештари мехмонони хориҷӣ ба Тоҷикистон гардад.

Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки «Ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар зарур аст, ки воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд». Ҷалби   сармоя ҷиҳати беҳдошти фазои сайёҳӣ дар мамлакат масъалаи ниҳоят муҳим буда, татбиқи амалии лоиҳаҳои эҳтиёҷманд ба сармоягузориро таъмин хоҳад намуд. Масъалаи ниҳоят муҳим дар мавриди таҳкими корхои марбут ба рушди соҳаи туризми мамлакат ин тарбияи мутахассисони баландпояи соҳаи туризм мебошад, зеро дар урфият мегӯянд: «корро мутахассис мекунад». Имрӯз мутахассисони соҳаи туризм дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, аз қабили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳмимов ва амсоли инҳо ба роҳ монда шудааст.

Мушкилоти дигар дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи туризм – бархӯрдор набудан аз таҷрибаи тамоюлҳои тарбияи мутахассисон дар кишварҳои дар ин ҷода пешрафтаи ҷаҳон мебошад. Дар ин ҷода аз таҷрибаи муассисаҳои таҳсилотии кишварҳои пешрафтаи хориҷ аз мамлакат баҳрабардорӣ намудан ба манфиати кор мебошад.

Такмили ихтисоси кормандони соҳаи туризм, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии марбут ба туризм низ аз масъалаҳое мебошанд, ки бояд дар наздиктарин муҳлат ҳалли худро ёбанд. Бозори сайёҳии ҷаҳон ҳар лаҳза дар ҳоли пешрафт ва рушд қарор дорад. Вобаста ба ин, талабот ба салоҳиятҳои касбии мутахассисон низ бояд пайваста дар ҳоли рушд қарор дошта бошад. Такмили ихтисоси кормандони соҳа ва омӯзгорон дар ин ҷода омили муҳими пайваста аз дастоварду навгониҳо ва технологияҳои муосири таълиму тарбияи мутахассисон бархӯрдор гардидани онҳо буда, муҳассилин бо ин васила бо донишҳои наву замонавӣ мусаллаҳ мегарданд.

Дар маҷмӯъ, раванди таҳсилоти тахассусии соҳаи туризм дар мамлакат ҷиддан беҳбудӣ металабад. Ҷорӣ намудани низоми муназзами тарбияи мутахассисони соҳаи туризм кори якҷояи субъектҳои хоҷагидории соҳа, олимону коршиносон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мақомоти идоракунии давлатии соҳаи туризм мебошад. Танҳо мутахассисони варзидаю кордон метавонанд рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳии мамлакатро дар бозори  ҷаҳон таъмин намоянд ва Тоҷикистонро ба як кишвари аз лиҳози туризм пешрафта мубаддал созанд.

Насимҷон Ойев,муовини ректори Донишкадаисоҳибкорӣ ва хизмат  оид ба таълим, дотсент,

Фазлиддин Қодиров,мудири кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, дотсент


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply