Тормоз муфлисшавӣ дар соли 2017 ва дастур барои соли 2018

ИҚТИСОД, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

  Соли 2017 дар бахши иқтисоди Тоҷикистон соли пур аз таҳаввулот буд. Ҳарчанд  ки буҳрони молиявӣ дар оғози соли 2016 ба Тоҷикистон омад, аммо  таъсирашро соли 2017 сахттар расонд. Бонкҳо, ки  як бахши муҳими иқтисоди мамлакат ҳисоб мераванд, имконияти пардохтпазириро аз даст доданд. Навбатпоҳои пайи ҳами муштариён дар назди хазинаи биноҳои марказии «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк», Тоҷпромбонк»  барои гирифтани маошу пасандози худ ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфт. Дар натиҷаи буҳрони молиявӣ чандин ташкилотҳои молиявӣ дар майдони бонкӣ ноустувор  монда,  фаъолияташонро қатъ карданд. Ин омилро коршиносон  идораи нодурусти умури бонкӣ аз тарафи маъмурияти бонкҳо, инчунин  набудани барномаи мушаххаси  зиддибуҳронӣ аз ҷониби маъмурони он донистанд.  Ҳамин тариқ, қомати чандин бонкҳо, аз ҷумла «Фононбонк», «Тоҷпромбонк» хам гардид.  Роҳбарони муваққатӣ ҳам натавонистанд, ки ин ду бонки миёни муштариён машҳуру муваффақро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ  бахшанд. Дар натиҷа,  фаъолияти бонкҳои номбаршуда  қатъ ва амволашон ба фурӯш бароварда шуд. Аз рӯйи мушоҳидаҳо, бозори фурӯши молу амволи ин бонкҳо   он қадар гарм нест ва мардум бинобар сабаби гарон будани нарх таваҷҷуҳи  камтар доранд.

Ду бонки бузурги дигар-«Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» ҳам дар ҳолати ногувор боқӣ монда буданд.  Аммо аз тарафи Ҳукумати  Тоҷикистон    ҳамчун кумак соли равон 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ба «Тоҷиксодиротбонк» ва 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ба «Агроинвестбонк»  ҷудо карда шуд.  Дар «Агроинвестбонк»   гуфта буданд,  ин кумак асосан барои пардохти маблағи қарз аз андоз ва қарзҳои беруна равона гардида, ба беҳбуди фаъолияти бонк мусоидат намуд. Муҳлати баргардонидани ин маблағҳо  5 сол муқаррар шудааст. Давоми соли ҷорӣ бо мақсади солимгардонии вазъи кор ба «Агроинвестбонк» лозим омад, ки 75 фоизи кормандонашро кам кунад. «Аз оғози сол фаъолияти 103 марказҳои хизматгузории бонкӣ, 5 филиал ва 1 департаменти амалиётӣ боздошта шуд, ки ба туфайли он хароҷот, аз ҷумла коммуналӣ ба таври назаррас кам шуд», — хабар дода буданд аз ин бонк. – «Шумораи ихтисори кормандони бонк дар ин давра 1520 нафарро ташкил дода, ба  1 октябр ҳайати шахсии кормандони бонк ҳамагӣ  524 нафар боқӣ монд». Аз  рӯйи ин рақамҳо маълум мешавад, ки вазъияти бонк ҳамоно нигаронкунанда аст.

Дар  Паёми имсола ба парлумон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар фурсати кӯтоҳтарин оид ба солимгардонии ду бонки низомсози кишвар — «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» нақшаи тадбирҳои иловагӣ таҳия карда шавад.

Тадбирҳои қаблан дар мавриди ин масъала амалишударо Сарвари давлат ғайриқаноатбахш арзёбӣ карданд. Ба Бонки миллии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои рушдёфта, дар сиёсати пуливу қарзӣ ва ба сурати умум дар соҳаи бонкии ҷумҳурӣ ислоҳот роҳандозӣ намояд.

Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади роҳандозии рақобати солим дар бозори хизматгузории бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ, ҳамчунин афзоиши сармоягузорӣ ба соҳаи бонкӣ, дастур додан, ки ҳаҷми сармояи ҳадди ақали оинномавӣ 30 млн. сомонӣ — аз 80 млн. сомонии ҳозира то ба 50 млн. сомонӣ кам карда шавад.

«Яке аз омилҳои боздоранда (тормоз)-и асосӣ, ки ба рушди иқтисодии ҷумҳурӣ монеа эҷод мекунад, низоми номукаммали бонкӣ ва пуливу қарзӣ мебошад», — илова карданд  Сарвари давлат.

Дар соли 2018 вазъи бонкҳои Тоҷикистон чӣ  гуна хоҳад шуд, вақт нишон медиҳад. Эҳтимол меравад, ки  баъди сахтгирии Президенти мамлакат нисбати бонкҳо вазъ беҳтар мегардад.  Аз ҳама муҳим, оё эътимоди муштариён ба бонкҳо дубора бармегардад?

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply