Топкӣ арӯси раиси пир ё маъшуқаи коргардон

Рози ситораҳо, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Даричаи ошноӣ:
Ном: Jigyasa Сингх
Ҷои таваллуд: Jaipur, Раҷастан
Зодрӯз: 25 июни соли 1994
Баландии қад: 1.51 см
Маълумот: ВАО, коммуникатсия
Шуғл: ҳунарпешагӣ ва рақсу сурудхонӣ
      Маликаи нави Болливуд
Ҷигяша Сингх чеҳраи навин дар шоу ва синамои Ҳиндустон буда, тавонист дар як муддати кутоҳ дар дилу дидаи мардум маъво бигирад. Ин зебосанам  25 июни соли 1994  дар шаҳри Ҷайпури иёлоти Раҷистони Ҳиндустон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Чигяша дар оғоз шампунҳои “Debut” ва  «Thapki Pyaar Подш»-ро дар телевизион таблиғ менамуд. Коргардонҳои заршиноси ҳунду бо дидани чеҳраи малакутии ин мурчамиёни чусту чолок дар оинаи нилгун дарёфтанд, ки агар ин нозанинро ба синамо ҷалб созанд, бурд хоҳанд кард ва Ҷигяшаро ба ҳамкорӣ даъват намуданд.

“Шиносоӣ”-е, ки шуҳрат овард

Аввалин филме, ки Ҷиягша дар он нақш бозид, “Шиносоӣ” ном дошт. Зебосанам нақши духтараки деҳотиро дар ин филм чунон бомаҳорати баланд бозид, ки тамоми Ҳиндустон баъди ба экран баромадани “Шиносоӣ” ба по хест. Акнун номи ӯ вирди забони хурду калон буд ва коргардонҳо ба ӯ даста-даста сенария ва шартнома мефиристоданд, то ин паричеҳраи азизи дили мардум гаштаро ба филмҳояшон ҷалб намуда, соҳиби шуҳрат ва пули калон бигарданд. Ҷигяша дар як муддати кӯтоҳ дар се филм нақшҳои асосиро бисёр муассир бозида, исбот намуд, ки вай дар олами синамо шахси тасодуфӣ нест ва қодир аст, ки дар сатҳи ҳунармандони касбӣ нақш офарад.

Духтари гунг

Ҷигяша дар силсилафилми “Забони ишқ” нақши духтараки гунг- Топкиро бисёр олиҷаноб бозида, натанҳо мардуми одӣ, балки  ҳунармандони машҳуртарини Ҳиндустонро қоил кард. Силсилафилм дар бораи муҳаббати фоҷиавии духтараки лоле нақл мекунад, ки аз фаришта ҳам зеботар аст, вале бо сабаби забони гӯё надоштанаш мардум ба ҳолаш хандида, ӯро мазоқу масхара мекунанд ва ба ӯ ҳар хел лақабҳои дилхарош мемонанд.

Топки заҳри забони дилозоронро бо ханда қабул карда, ҳеҷ гоҳ дар ҷавоби бадии касе бадӣ намекунад. Ин духтараки фариштахисол дар дилаш танҳо як орзу дорад, мехоҳад муҳаббати пок ва маҳбуби ягонаашро пайдо намуда, хушбахт шавад, вале бо сабаби гунг буданаш касе ӯро ба занӣ гирифтан намехоҳад. Тақдири ояндаи Топки аҳли оилаашонро сахт ба ташвиш оварда, онҳо мехоҳанд ақаллан ягон ҷавони камбағалро ёфта, сари ӯро ҷуфт намоянд, вале…

Маъшуқаи раиси пир ё…?

Баъди машҳур шуданаш дар атрофи номи Ҷигяша дар рӯзномаву маҷаллаҳо овозаю ҳангомаҳои бисёре пайдо шуданд. Яке ӯро духтари дӯстдоштаи роҳбари ширкати “Рангбарорӣ” меномид, дигаре Ҷиягшаро маъшуқаи ситораи синамо Анкит Батла мехонд, саввумӣ дар бораи  ин зебосанам боз ягон ҳангомаи дигари гӯшхарошро паҳн мекард. Ҷиягша аз ин ҳама сару садоҳо ҷонбезор шуда дар назди журналистон қасам хӯрд, ки байни ӯ ва раиси пир, ки роҳбари ширкати “Рангҳо” аст, чизе нест, Анкит Батла бошад, танҳо ҳамкораш асту халос, вале ҳангоматалабон танҳо баъди он ки Анкитро бо дигар хонуми таннози ҳинд диданд, домони Ҷиягшаро раҳо намуданд.

Тӯйи коргардон ва актриса кай барпо мешавад?

Ҷигяша танҳо як нафарро дӯст медорад ва ин марди хушбахт коргардони сериали “Ишқи безабон” Рушдӣ аст. Зебосанам дар як мусоҳибааш иқрор шудааст, ки ҳамроҳи Рушди газетаҳоро варақ зада ба ҳоли онҳое, ки ӯро маъшуқаи ким-кадом раиси пир гумон мекунанд, механданд.

Хурду калони сарзамини паҳновари Ҳинд интизори тӯйи пуршукуҳи ин коргардон ва актрисаи машҳуранд, вале ишқи ин ду ҷавон бо чӣ меанҷомад, ҳанӯз маълум нест, зеро ин домоду арӯси ошиқи кино чунон дар олами эҷод ғутаввар гаштаанд, ки ба ҷуз офаридани филмҳои нав ба нав дигар фикре ба сар надоранд.

Мо ба ин ҷуфти зебо парвозҳои баланди эҷодӣ таманно намуда, барояшон бахти сафед мехоҳем!

Рустам Азимӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Топкӣ арӯси раиси пир ё маъшуқаи коргардон

  • Соли таваллуди Топки ки 22-июни соли 1994 бошад пас на 22 балки 23 Сола мебошад. Дуруст хисоб кунед……….

Leave a Reply