Тоҷиконро боз доштанд

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Марзбонони Русия рӯзи 3 ноябр ҳудуди 100 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо қатори роҳи оҳани Маскав – Душанбе ба Ватан бармегаштанд, дар марзи вилояти Астрахан бо Қазоқистон ба далели вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия аз қатор фароварда, боздошт кардаанд. Раёсати марзбонии Русия мегӯяд, барои нахустин бор чунин шумораи бузурги тоҷикон боздошт шуданд.

Хадамоти матбуоти раёсати марзбонии ФСБ Русия дар ҷумҳурии Қалмиқистон ва вилояти Астрахан рӯзи ҷумъа хабар дод, ки шаби 3 ноябр дар гузаргоҳи Оқсарой (Аксарайский) дар марзи вилояти Астрахан бо Қазоқистон аз қатори роҳи оҳани Маскав – Душанбе ҳудуди 100 шаҳрванди Тоҷикистонро аз қатор фароварда боздошт кардаанд.

Қатори роҳи оҳани Маскав – Душанбе рӯзҳои ҷумъа соати тақрибан даҳи шаб аз гузаргоҳи марзии Оқсарой убур мекунад ва дар ин ҷо мусофиронаш аз ҷониби марзбонони Русия тафтиш мешаванд.

Намояндаи хадамоти матбуоти ин раёсати марзбонии Русия гуфтааст,ки  ин шумораи бузурги мусофирони қатори Маскав – Душанбе дар гузаргоҳи «Оқсарой” ҳангоми тафтиши асноди онҳо аз ҷониби марзбонон дастгир шудаанд: «Марзбонони Русия имрӯз дар гузаргоҳи марзии Оқсарой беш аз 90 нафар вайрокунандагони қонунҳои муҳоҷиратро ошкор карданд. Ҳамаи онҳо бо қатори мусофиркаши Маскав – Душанбе ба кишварҳои зодгоҳи худ бармегаштанд. Чунин шумораи бузурги муҳоҷирони хориҷӣ барои поймол кардани қонунҳои муҳоҷират хеле ками дар кам ба даст меафтанд. Муҳоҷирони тоҷик дар ин гузаргоҳи марзӣ бори аввал бо чунин теъдоди бузург дастгир шуданд.”

Намояндаи марзбонони Русия гуфт, ин муҳоҷирони тоҷик дар замони будубошашон дар Русия қоидаҳои муҳоҷират ва ҳамчунин замони будубош дар ин кишварро поймол кардаанд. Тибқи қонунҳои Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи ҳадди аксар то 90 рӯз дар ин кишвар буданро доранд ва бояд то анҷоми ин мӯҳлат тарки Русия кунанд.

Раёсати марзбонии Русия мегӯяд, муҳоҷирони тоҷики дастгиршударо ба бахши муҳоҷирати пулиси вилояти Астрахан месупоранд. Бар асоси қонунҳои Русия, онҳоро барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират ҷарима баста, аз қаламрави ин кишвар берун ё ихроҷ хоҳанд кард. Бо чунин ҳукм, ин муҳоҷирон ҳаққи бозгашт ба Русияро барои муддати аз 3 то 5 сол аз даст медиҳанд.

Боздошти қариб 100 мусофири қатори роҳи оҳани Тоҷикистон дар марзи Русия бо Қазоқистон дар ҳолест, ки дар ин шабу рӯз мавсими бозгашти муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия дар нуқтаи авҷаш қарор дорад. Дар ин мавсим ширкатҳои ҳавопаймоӣ нархи парвоз аз Русия ба Душанберо ба осмони ҳафтум мебардоранд ва бисёрии муҳоҷироне, ки даромадашон дар Русия дар солҳои охир ба шиддат кам шудааст, маҷбур мешаванд, бо қатори роҳи оҳан ба Ватан баргарданд.

Як далели дигари ба қатори роҳи оҳан бартарӣ додани бисёре аз муҳоҷирон осонтар будани убури марз бо Қазоқистон буд. Дар фурудгоҳҳо онҳоеро, ки ягон қоидаи муҳоҷиратро вайрон карда бошанд, зуд ошкор карда, ба аснодашон муҳри ихроҷ мезаданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply