Тоҷикистон Душанберо аз даст дод (Видео)

ВМКБ, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Ҳофизи халқии Тоҷикистон Душанбе Паллаев субҳи 27 сентябр бар асари бемории қалб вафот кардааст. Душанбе Паллаев аз маъруфтарин овозхонҳои Бадахшон ба шумор рафта, 5 сол пеш унвони Хофизи халқии Тоҷикистонро ба даст оварда буд.

Душанбе Паллаев дар ансамбли «Навои Бадахшон” фаъолият мекард ва асосан таронаҳои мардумиро месароид. Аҳли фарҳанг даргузашти Душанбе Паллаевро як талафоти бузург барои санъати овозхонии мардумӣ дар Тоҷикистон мешуморанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Тоҷикистон Душанберо аз даст дод (Видео)

  • Ачаб сарлавхае!! Ба сари ки омада бошад фикри он?

Leave a Reply