Тоҷикбачаро дар Петербург дуздиданд

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Oдамрабоён дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия худро корманди пулис муаррифӣ карда, рӯзи 17 ноябр як шаҳрванди 41-солаи Тоҷикистонро ба мошин бор карда бурдаанд. Пулиси Петербург исми соҳиби мошинро маълум кардааст, вале мегӯяд, ки ӯ корманди пулис нест.

Як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон рӯзи 18 ноябр ба пулиси ноҳияи Фрунзеи шаҳри Санкт-Петербурги Русия муроҷиат карда, хабар додааст, ки соати тақрибан ёздаҳи рӯзи шанбе, 17 ноябр афроди номаълум дар назди бинои рақами 13 дар кӯчаи Малая Балканская худро корманди пулис муаррифӣ карда, додари 41-солаи вайро ба мошинашон бор карда бурдаанд.

Ба гуфтаи ин мард, пеш аз он ки додарашро ба мошини «Дэу Нексия” бор кунанд, он нафарон санади хидматии худро нишон додаанд.

Дар ин бора бо такя ба манобеи худ нашрияи «Фонтанка”-и чопи Петербург хабар додааст.

Бино ба гузориши «Фонтанка”, марде, ки бародарашро рабудаанд, шумораи он мошинро ёддошт карда ва ба пулис додааст. Мақомоти пулиси ноҳияи Фрунзе мегӯянд, ронандаи мошинро муҳаххас кардаанд, ки як сокини 28-солаи ноҳияи Петроград мебошад. Вале, мегӯянд дар пулис, ин нафар корманди пулис нест.

Ҷустуҷӯи шаҳрванди Тоҷикистон идома дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply