Тифлаки ширхора дар даст куҷо равам?

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Зиндагӣ косаи давр будааст ва имрӯз мани маслиҳатчӣ ниёз ба маслиҳатгар дорам, аз ҳамин хотир ба ту муроҷиат намудам.

Мактаби миёнаро нав хатм намудаму дари хонаамонро хостгорон охурча карданд. Ҳеҷ гумон надоштам, ки падарам ба ишқи пул дода шуда, аз байни ҳамин қадар хостгорони хуб як марди зандидаи кӯдакдорро интихоб мекунад. Ба издивоҷ бо ин бойбачаи мағруру занҷаллоб ҳеҷ розӣ набудам, вале падарам бо дашномҳои қабеҳ ва мушту лагад маро ба сар фаровардан маҷбур кард. Маро бо дили хунчакон ба хонаи бахтам гусел карданд. Аз рӯзи аввали  зиндагӣ ситораҳои ману шавҳарам ба ҳамдигар мувофиқ наомад. Корамон мудом ҷангу ҷанҷол буд. Пас аз як моҳи тӯй шавҳарам ба назди зани якумаш мерафтагӣ шуд. Аз тарси он ки хонавайрон шуда, ба маломати падару модарам гирифтор нагардам, чизе намегуфтам. Шавҳарам аз хомӯшии ман истифода бурда, духтарчаашро ба хона меовардагӣ шуд. Ҳамин тавр оҳиста-оҳиста ман ба ин кӯдаки масъум меҳр бастам. Баъди як соли тӯямон соҳиби писарчаи дӯстрӯяке гаштем. Гумон доштам, ки баъди тавлиди фарзанд зиндагиамон ранги дигар мегирад, аммо хаёлам хом баромад. Шавҳари худобехабарам маро бо тифлаки навзод партофта, ба назди зани аввалааш баргашт. Чанд вақт дар хонаи хусуру хушдоманам танҳо зистам. Рӯзе шавҳарам ҳамроҳи зани якумаш ба хона омад ва дар наздам шарт гузошта гуфт:

-Хоҳӣ, дар ҳамин ҷо зиндагӣ карда, хизмати зани маро карда гард, нахоҳӣ ихтиёрат!

Бо шунидани ин сухан хун ба сарам зад ва “Ман канизак нестам” гӯён, қаҳр карда баромада омадам. Падарам маро бо қошу қавоқи гирифта пешвоз гирифта гуфт:

-Нисфи мардҳо ҳозир 3-4 занӣ доранд. Бо зан гирифтан ягон ҷойи мард кам намешавад. Ба хонаат баргашта зиндагиатро давом деҳ!

Зор-зор гириста, чӣ гуфтану чӣ кор карданамро намедонистам.

Хонандагони азиз, ман шавҳари беинсофамро чашми дидан надорам, вале волидонам ба ҷону ҳолам намонда, маро маҷбур карда истодаанд, ки ба хонаи хушдоманам баргашта, зиндагиамро давом диҳам. Ҳайрон мондаам, ки чӣ кор кунам. Қаҳр карда ба хонаамон омада будам, то ки дигар рӯйи шавҳари номардамро набинам, аммо дар хонаи падар дигар барои ман ҷой набудааст. Ин сари бесоҳиби ман паноҳгоҳе надорад. Тифлаки ширхора дар даст ба куҷо равам?

Илтимос, ягон роҳи дурустро ба ман нишон диҳед!

Адиба, хонанда

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Ба макомоти дахлдор мурочиат намоед шавхаратонро барои бисёрзаниш ба чавобгари кашида мешавад ва мумкин аст то якунимсолагии бачатона суд карор намекунад барои аз оилатон чудо шудана…..

Leave a Reply