Тевес маоши рекордӣ мегирад

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Акнун маоши зиёдтарини футболи дунё дар як ҳафта ба 615 ҳазор фунт стерлинг расидааст.
Ҳамлагари аргентинӣ Карлос Тевес дар дунё аз ҳама бештар маош мегирад, ки он дар як ҳафта ба 615 ҳазор фунт стерлинг (£) баробар аст. Тевес ин маоши ҳангуфтро дар ҳайати дастаи «Шанхай Шэнхуа»-и Чин, ки чанде пеш ба он гузашт, мегирад.
Нашрияи Daily Mail ҳамзамон иттилоъ додааст, ки Тевеси 32-сола дар ин масъала аз форварди «Реал» (Мадрид) Криштиану Роналду, ки дар як ҳафта 365 ҳазор фунт стерлинг мегирад, пеш гузаштааст.
Тевес мавсими равон дар чемпионати Аргентина 10 вохӯрӣ гузаронда, 4 гол зад ва 6 партофти головар додааст.
Сармураббии «Шанхай Шэнхуа» Густаво Пойет қоил шуд, ки гузариши Тевес барояш ғайричашмдошт аст.
Э. НАЗАРОВ.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply