Терорист дар НЮ-Йорк дастгир шуд

ДИН ВА ҶОМЕА, МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Бар асари ҳамлаи террористии шаби 31 октябр дар шаҳри Ню-Йорки Амрико дастикам 8 нафар кушта ва 11 тан захмӣ шуданд. Пулис дар робита ба ин ҳамла зодаи 29-солаи Узбекистон Сайфулло Саиповро дастгир кардааст. Президенти Амрико дар пайи ҳамлаи Ню-Йорк хостори санҷиши шадиди муҳоҷирон шуд.

Шаби 31 октябр як ҳамлагар савори мошин дар роҳи велосипедронӣ дар минтақаи Манҳеттени поёни шаҳри Ню-Йорк пиёдагардҳо зер карда, сипас ба автобуси мактаб бархӯрд. Ронанда баъди ин ду пистолет дар дасташ аз мошин пойин шуд. Кормандони пулис бо чанд тир ҳамлагарро аз шикамаш захмӣ карда, боздошт карданд.

Дар натиҷаи ин ҳамла 6 нафар дар ҷои ҳодиса ва дуи дигар дар бемористон ба ҳалокат расиданд. Пулиси Ню-Йорк мегӯяд, ки 11 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамлагари боздоштшуда Сайфулло Ҳабибуллоевичи Саипови 29-сола, зодаи Узбекистон будааст. Гуфта мешавад, ки ӯ соли 2010 ба Амрико кӯчида, ахиран аз шаҳри Тампаи аёлати Флорида ба Ню-Йорк омадааст. Ӯ қаблан дар аёлати Пенсилвания як маротиба барои вайрон кардани қоидаҳои роҳ ҷарима баста шудааст.

Хабарнигорон дар нишасти хабарӣ аз Ҷеймс ОНил, сардори пулиси Ню-Йорк пурсиданд, ки оё Сайфулло Саипов дар ҳақиқат ҳангоми ҳамла «Аллоҳ Акбар!” мегуфт? Ҷейсмс ОНил гуфт, суханоне ки гумонбар ҳангоми фаромаданаш аз мошин ба забон овард, ва ҷузъиёти дигари ин ҳодиса асос медиҳанд, ки ин ҳамла ҳамчун амали террористӣ арзёбӣ шавад.

Волии аёлати Ню-Йорк Эндрю Куомо гуфт, ҳамлагар зоҳиран танҳо амал мекард ва ба истилоҳ гурги танҳо буд: «Ҳанӯз асосе барои сӯҳбат дар бораи вуҷуди кадом нақшаи бузург нест. Ин зоҳиран кори дасти як нафар буд.”

Вале расонаҳои Амрико хабар доданд, ки мақомоти тафтишотӣ дар дохили мошини Саипов номаи бо даст навишташудаеро ёфтаанд, ки ӯ дар он иддао мекунад, ки аз номи созмони террористии «Давлати исломӣ” (ДОИШ) амал карда истодааст.

Шаҳрдори Ню-Йорк Билл де Бласио ҳамлаи шаби 31 октябрро ҳамлаи буздилонаи террористӣ номид: «Ин як амали террористӣ буд ва бояд гуфт, ки як амали террористии буздилона, ки мардуми бегуноҳро ба ҳадаф дошт.”

Амрико Доналд Трамп гуфт, ба тамоми мақомоти амниятӣ амр додааст, то муҳоҷиронро бар асоси Барномаи пурсиши шадид (Extreme Vetting Program) бисанҷанд. Трамп дар Твиттер навишт: «Мулоҳизоти сиёсӣ коре дуруст аст, вале на дар ин маврид!” («Being politically correct is fine, but not for this!”)

МирраҳматМӯминов, як муҳоҷири узбеки муқими Амрико, ки Сайфулло Саиповро мешинохтааст, ба радиои «Озодлик” гуфт, ки Саипов қабл аз рафтанаш ба Флорида то соли 2013 дар шаҳри Акрони аёлати Оҳайо зиндагӣ мекард ва ронандаи мошини боркаш буд. Ба гуфтаи Мӯминов, Саипов зан ва ду фарзанд дошта, зодаи Тошканд аст.

Мӯминов гуфт, Саипов одами қаҳролуд буд, вале то кӯчиданаш ба Флорида чандон диндор набуд. Ба ақидаи Мӯминов, Саипов шояд таҳти таъсири Интернет ба ақидаҳои ифротӣ гароида бошад.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфт, иттилоот дар бораи датс доштани зодаи ин кишвар дар ҳамлаи Ню-Йоркро аз тариқи сафорати Узбекистон дар Амрико санҷида истодаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply