Дар бозори Ваҳдат мӯйсафедро корд заданд?

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Рӯзи 7 декабр дар ҷараёни як муноқишаи мастона дар бозори марказии шаҳри Ваҳдат як марди 35-сола як марди 61-соларо ба қисми чапи шикамаш бо корд задааст. Ҷабрдидаро ба бемористон ва кордзанро ба шӯъбаи милиса бурдаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 8 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон:

Расонидани зарари вазнин бо корд

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи шаҳри Ваҳдат, ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршуда рӯзи 7-уми декабри соли равон, тахминан соати 13:30-дақиқа, дар бозори марказии шаҳри Ваҳдат, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 61-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба қисми чапи шикамаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Тақаллубкорон ба даст афтоданд

Ба мақомоти милитсия бо ариза марди 33-солаи сокини шаҳри Ҳисор дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2017, марди 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 7300-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамчунин ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 62-солаи сокини пойтахт шикоят бурдааст, ки охирҳои соли 2014, зани 70-солаи сокини кӯчаи С.Шерозии шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 6100-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Бо чунин мазмун, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии пойтахт бо ариза марди 44-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2015, марди 39-солаи сокини кӯчаи У.Хайёми шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс” ба маблағи 14000-доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Айни замон нафарони гумонбар дастгир гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Дуздии маснуоти заргарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 28-солаи сокини ноҳияи зикргардида дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 6-уми декабри соли 2017, шавҳараш, марди 24-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ӯро лату кӯб намуда, сипас бо роҳи озод молу ашёҳои рӯзгор, ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагӣ, ки арзиши умумиашон 7130-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Айни замон гумонбари ин ҷиноят дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Дуздии телефони мобилӣ

Ба мақомоти милитсия бо ариза зани 50-солаи сокини пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 5-уми декабри соли 2017, тахминан соати 16:00-дақиқа, шахсони номаълум дар бозори «Корвон” бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг Галакси С-6”, ки арзишаш 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ, марди 29-солаи сокини шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд. Барои муайян ва дастгир намудани ду нафар гумонбарони ҷинояти мазкур чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Ин далел мавриди тафтиш қарор дорад.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply