Таҳмина: Шавҳарам аз дасти як флеш дар СИЗО аст

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Беш аз як моҳ боз шавҳарам дар боздоштгоҳ асту ман бо чор фарзанди ноболиғ дар кӯчаи сарсонӣ. Оқибати ин ҳама бесарусомонии мо ҳамагӣ як флеш аст, ки ба сари оилаамон тамоми балоҳоро овард. 13 сол бо шавҳарам зиндагии осоишта доштему бо  меҳнати ҳалол нон мехӯдем. Аммо наздики якуним моҳ аст, ки  тамоми бори зиндагӣ бар дӯши худам бор аст, се фарзанди мактабхон дораму як кӯдаки боғчарав. Вале ҳама дар хона танҳоянд, зеро ман аз пайи пайдои қути лоямути онҳо ҳастаму падарашон дар сизо- бо ашку нола нақл мекунад Таҳмина Холматова.

Ин зан сокини шаҳраки Палоси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, шавҳараш-Ҳалимбой Холматов чанде пеш аз ҷониби корманди мақомоти қудратӣ бо ҷурми пайвастан ба гурӯҳҳои динӣ-ифродӣ  дастгир шудаасту айни ҳол дар боздошт қарор дорад.

Чуноне ки Таҳмина зикр кард ҳамаи ҳодисаҳои нохуши ба сари оилаи онҳо омада аз дасти як флеш аст. Дар дохили флеш чи буданаш ва чаро соҳиби худро ба СИЗО кашонданаш, Ҳалимбойро чанд соли аз озодӣ маҳрумӣ  интизор буданашро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва дар шакли чандрасонаӣ дар сайти мазкур мутолиа намоед.

                                                                                                   Фарзона Муродӣ

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply