Браво Таҳмина!

НТМ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Духтараки зебоандоми ба чашм намоён дар экрани барномаи «Навид»-и телевизиони «Сафина» пайдо шуду дарав ба дили тамошобин роҳ ёфт. Ӯ ҳам бо забони русӣ ва ҳам бо забони тоҷикӣ ровигӣ мекарду гоҳ-гоҳ дар барномаҳои фарҳангӣ ҳам пайдо мешуд…

Оҳиста –оҳиста тамошобин ӯро дар филмҳо диду боз дилбастагиаш бештар гардид, зеро Таҳмина ҳам дар телевизион ва ҳам дар синамо содиқона, аз рӯйи меҳру муҳаббат ва самимият фаъолият мекунад.  Филми охире, ки ӯ дар он нақши асосиро мебозид, «12 соли интизорӣ» (коргардон Муҳиддини Музаффар) ном дорад. Таҳмина дар он нақши духтари азияткашида, аммо бо вуҷуди сахтиҳои рӯзгор сабуру пуртоқатро мебозад. Ӯ бо вуҷуди он ки рӯзи хуш намебинад,  барои пойдор мондани оилааш талош мекунад. Мухлисон дарав хулоса бароварданд, ки сужаи ин филм аз рӯзгори худи Таҳмина бояд бошад, зеро касе, ки ин ҳолатро дар пӯсти худ эҳсос накардааст, наметавонад чунин самимӣ ва ҳақиқӣ нақш бозад…

Ба наздикӣ даври сеюми озмуни «Ягона аз даҳгона»-и сомонаи tajikistantimes.tj  поён ёфт ва миёни даҳ ҳунарманди театру кино Таҳмина Раҷабова ғолиби ин озмун гардид. Фурсати хубе фаро расид, ки бо ин ҳунарпешаи ҷавону хушсалиқа суҳбате ороем ва асрори зиндагии шахсӣ ва кориашро пурсуҷӯ кунем, ки фишурдаи онро пешкашатон мегардонем.

-Таҳмина, шуморо тамошобин солҳост дар экран мебинаду бурду барори эҷодатонро пайгирӣ мекунад, аммо дар бораи зиндагии  шахсиатон маълумот хеле кам аст. Лутфан барои хонандаи мо доир ба ҳаёти шахсиатон каме  ҳарф бизанед.

-Ман дар Душанбе таваллуд шуда,  мактаби миёнаи рақами 82-ро хатм кардаам. Баъди хатми мактаби миёна ба факултети ҳуқуқи филиали Донишкадаи равобити миллӣ ва минтақавии Маскав дар Душанбе (Московский Институт националних и регионалних отношений) дохил шудам. Бо сабаби оне, ки духтари қадраси ба чашм намоён будам, хостгорҳои зиёде мебаромаданд.  Модарам аз ибтидо тарафдори таҳсил кардани ман буданд, аммо баъди хатми курси 1 фикрашон тағйир ёфту маро ба шавҳар доданӣ шуданд. Ҳамон шабу рӯз амакам барои писарашон маро хостгорӣ карданд. Бо вуҷуди он ки ман зид будам, модарам:  «Дар хонаи хешу табор бошӣ, оромтар хоҳам буд» — гӯён, маро ба писари амакам фотеҳа карданд. Оилаи амакам пеш аз тӯй ваъдаи интиқоли ман ба Донишгоҳи миллиро дода, гуфтанд, ки таҳсиламро идома хоҳам дод, аммо афсӯс, ки на зиндагии шоиста шуду на таҳсил… Баъде, ки шавҳар кардам, ҳомиладор шудаму аз сабаби ба дарсҳо нарафтанам, маро хориҷ карданд. Зиндагиам бо вуҷуди талошҳои зиёдам барор намегирифт, аммо бо сабаби он ки дар миён номуси авлод ва обрӯйи модараму амакам меистод, ман ба ҳама чиз тоқат мекардам. Ростӣ, аз ҷониби шавҳарам муносибати хуш надида, гоҳ хонаи модарам меомадам, вале ӯ маро насиҳат карда бозпас мефиристод. Ночор боз хонаи шавҳар мерафтаму рӯзи хуш намедидам, шаллоқ мехӯрдам… Ман касеро гунаҳгор карданӣ нестам.  Ба қавли мардум ситораҳоямон рост наомад…

-Дар айни ҷавонӣ хонавайрон шудеду бахтатонро аз даст додед?

— Вақте падарам гузаштанд ва ман бе такягоҳ мондам, шавҳарам ба ман муттако нашуд, амакам ҳам аз ман рӯ тофтанд. Аз ҳама вазнин барои ман ҳамин буд. Медонед, китфи мард барои зан чӣ қадар муҳим аст… Ҳамин тавр ман, зани ҳомиладор аз шавҳарам ҷудо шудам. Холисона мегӯям, ки дар вайрон шудани оилаам ман заррае гунаҳкор нестам. Ман маҷбур шудам, ки ҷудо шавам. Модарам ҳамеша зиқ мешуданд, ки ман бадбахт шудам, худам низ ибтидо хеле азият кашидам, аммо баъд ба хулосае омадам, ки бахт –ин чизе аст, ки ҳар кас ба таври худ онро мефаҳмаду дарк мекунад. Яке шавҳар надораду бадбахт аст, касе аз бефарзандӣ менолад, касе кор надорад… Вақте ҷунбидани тифлро дар батнам эҳсос намудам, дарк кардам, ки хушбахттарин зан ҳастам, зеро бо вуҷуди аз ҷониби шавҳар меҳрубонӣ надидан, Худо ба ман фарзанд додааст. Модар будан дар ҳақиқат бузургтарин саодат аст. Вақте касе аз қафои ту медаваду бо ту бозӣ мекунад ва мегӯяд: «Модарҷон, ман гушна мондам, ба ман хӯрок диҳед»- ин ниҳояти хушбахтист. Ту эҳсос мекунӣ, ки ҳанӯз зурур ҳастӣ…

-Имрӯз бо собиқ шавҳаратон ва амакатон чӣ гуна муносибат доред?

-Хушбахтона, мо аллакай сулҳ кардем. Амакам мол кушта маро ба хонаашон даъват карданд. Бо шавҳарам ҳам муносибати хешутаборӣ дорем, «духтари амак», «писари амак», гӯё чизе набуд.  Мо фарзанди якҷоя дорем ва бояд ӯ чун падар дар тарбияи кӯдакаш ширкат варзад.

-Барои хушбахт шудан инсон марҳилаҳоеро бояд тай кунад. Шумо, агар аз шавҳаратон ҷудо намешудед, кору карера, шуҳрат… шояд имрӯз ин ҳама набуд? …

-Эҳтимол, аммо ба хотири ин чиз хонавайронӣ фикри ғалат аст. Ман баъди ҷудошавӣ аввалин коре, ки кардам, ҳуҷҷатҳоямро ба бахши ғоибонаи Донишкадаи андоз супоридам. Барои чӣ ғоибона? Ба он хотир, ки аллакай ман тифл доштаму дар сарам масъулият буд ва бояд кор мекардам. Ба сифати ҳуқуқшинос дар чанд ширкат кор кардам ва ҳамон соле, ки телевизиони «Сафина» таъсис ёфт, бо воситаи дугонаи модарам– холаи Меҳрӣ ба шуъбаи ҳуқуқи телевизион ба сифати ёрдамчии ҳуқуқшинос ба кор гузаштам…

-Аҷиб, чӣ тавр ҳуқуқшинос якбора диктори  “Навид” шуд?

-Тасодуф. Як рӯз дар шуъбаи худамон менишастам, ки Насиба Ғуломова вориди утоқи мо шуданду бо забони русӣ салому алейк карданд. Ман, ки он касро мешинохтам, аз ҷоям хестам ва гуфтам «Насиба-апа салом. Ман шуморо мешиносам. Мухлисатон ҳастам» ва боз ким чӣ гапҳои дигар. Он кас баъди саломуалейк гуфтанд, ки чунин духтари зебо, донандаи хуби забони русӣ, дар ин шӯъба чӣ кор мекунӣ, ҷойи ту эфир аст. Ман дар аввал тарсида рад кардам, аммо он кас худашон назди директор даромада иҷозат пурсиданд ва бо ман ду ҳафта дар студияи ахбор машқ карда аз ҳуқуқшинос диктор сохтанд.  Тӯли ин ду ҳафта ман нозукиҳои корро омӯхтам ва яку якбора ба эфири пахши мустақим баромадам. Шукр, ки барнома бе мушкилӣ ва бе ягон иштибоҳ гузашт. Ҳамин тавр, мана имсол 12-ум сол аст, ки ман диктори барномаи «Навид» ҳастам.

-Дар баробари ин, актрисаи бомаҳорати кино. Магар қолаби барномаи «Навид» бароятон тангӣ кард, ки ба кино рӯй овардед?

-Ин ҳам тасодуфан. Режиссёрҳои  «Тоҷикфилм» маро тариқи телевизион дида, ба кастинг ҷеғ заданд. Мо се нафар аз телевизион рафтем ва ман гузаштам. Ҳамин тавр, бори аввал дар филми «Умеди охирин» нақши дуввумдараҷаро офаридаму роҳи ман ба олами синамо боз шуд. Қариб дар филмҳои ҳамаи коргардонҳои бомаҳорат нақш офаридам.

-Шумо дар филмҳои афғонӣ нақшҳои муассир офаридаед. Бигӯед, ки чӣ тавр ба синамои афғон роҳ ёфтед?

-Соли 2008 дар кинофестивали «Дидор», коргардон Асад Сикандар филми «Пагоҳ»-ашро пешниҳод кард.  Ҳамон сол филми «Умеди охирин» низ пешниҳод шуда буд. Асад Сикандар бозии маро дида, аз Абулҳай Зокиров маро суроғ мекунад. Ман бо Асад Сикандар вохӯрдам ва ӯ маро барои нақшофарӣ дар филми «Мадраса» даъват кард. Барои наворгирӣ ба Афғонистон бояд мерафтем. Ин бисёр хатарнок буд. Шароити Афғонистонро шумо медонед. Бо вуҷуди ин, ман таваккал карда рафтам. 20 рӯз дар Ҳирот ба сабти филм машғул шудем. Тӯли банаворгирии филм ду маротиба таркиш рух дод. Як маротиба дар назди меҳмонхонае, ки мо меистодем. Ин даҳшатро бо сухан гуфта намешавад…

-Филми дигаре, ки дар он нақш бозидаед, «Зани панҷум» аст, ки ба шумо ҷоизаи байналмилалӣ овард. Дар бораи ин филм чанд ҷумла бигӯед?

-Коргардони ин филм Сиддиқ Обидӣ аст. Ӯ вақте «Мадраса»-ро тамошо мекунад, омада маро аз «Тоҷикфилм» суроғ мекунад. Таваккал кардаму рафтам.

-Ва эҳтимол дар наворгирии ин филм ҳам ҷонатон дар хатар буд?

-Бале, қариб буд, ки ба дасти гурӯҳи террористӣ афтем. Кормандони амният режиссёрро огоҳ карданд, ки то ғуруби офтоб банаворгириро қатъ кунед, зеро гурӯҳҳои силоҳдор аз куҳҳо мефароянду мо амнияти шуморо таъмин карда наметавонем, аммо барои коргардони мо маҳз саҳнаи ғуруби Офтоб лозим буд. Наворбардориро нав тамом карда будем, ки садои тир ба фалак печид. Кормандони амният моро кашола карда ба мошинҳо нишониданду гурехтем. Ман аз даруни мошин ба қафо нигариста симои баъзеи онҳоро дидам. Чашмони калон — калон, ришу саллаи онҳо ҳанӯз аз ёдам нарафтааст… Хушбахтона филм муваффақ шуд ва ба ман соли 2013 ҷоизаи беҳтарин нақши занонаро дар кинофестивали Гоа овард.

-Шумо солҳост дар телевизион кор мекунед, ҳамчунин барномаҳои фарҳангии зиёдеро ҳам ровигӣ кардаед. Чаро як барномаи мустақили таҳлилӣ ё ток-шоу ташкил намекунед? 

-Чанд сол шуд, ки нияти сохтани барномаи «Зан ва ҳуқуқ»-ро дорам, зеро занҳои мо аз сабаби надонистани ҳуқуқҳояшон азият мекашанд. Мутаассифона, дастам намерасад, зеро ин кор масъулияти зиёд дорад.

-Таҳмина Раҷабоваро бе телевизион тасаввур карда метавонед?

-Зиндагии бе телевизион? Ин чиз як рӯз не, як рӯз фаро мерасад.  Масалан, ман бояд боз фарзанд таваллуд кунам, то ӯро ба по рост мекунам, ки ду- се сол мегузарад. Нақшаҳои дигар низ дорам, бинобар ин, як муддат бояд аз телевизион равам, аммо ҳоло не…

-Дар охир ғолибиятатон дар озмуни «Ягона аз даҳгона»-ро табрик мегӯям!

-Ташаккур ба Шумо ва ба tajikistantimes.tj  барои «Ягона аз даҳгона»

Мусоҳиб  Одили Нозир


Поделиться новостью в социальных сетях:

4 комментарий

  • Ээххее))ГОЛИБИЯТ МУБОРАК БОШАД ТАХМИНА))))

  • Ташаккур Одилчон барои сухбати самими. Рости аз саволу чавоби Рустам Азими бо хунармандон саньаткорон асабони мешавам. Дар огоз фикр кардам, ки саволгузории Рустам хуб шудааст, аммо Чун ба охири сухбати расидам номи Шуморо Одилчон дидам. Баргузор Рустам аз Шумо омузад. Барои Тахминабону бошад муваффакияти бештар орзумандам.

  • Бехтарин рови, ингуна шахсонро хамачониба бояд дастгири кард.

Leave a Reply