Тағийроти кадрӣ дар «Народная газета» ва Академияи илмҳо

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Имрӯз, 17-уми март бо  қарорҳои Ҳукумат як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Сарвари  давлат, бо имзои  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Камолова Маҳбуба Расуловна сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета» таъин карда шуд. Инчунин Муминов Ҳикмат Ҳалимович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда гардид.

Дар баробари ин Президенти Тоҷикистон Замонзода Мадамон Амирхонро сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъин кардааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply